Ҳамалоти тозаи Исроил ба арозии фаластинӣ
Image copyrightИсроил бомдоди шанбеи 9 август чандин бор ба Ғазза ҳамла кард, ки бахши умдаи ин ҳамалот ба манотиқе буд, ки ғайринизомиён аз онҳо гурехтаанд.
Артиши Исроил мегӯяд аз субҳи ҷумъа ва замони поёни оташбаси серӯза бо фаластиниҳо дастикам ба 47 ҳадаф ҳамла карда, ки ин ҳамалот дар вокуниш ба мушакҳое буда, ки аз арозии фаластинӣ партоб шудаанд.
Бахши хадамоти изтирории Ғазза гуфтааст, ки дар асари ҳамалоти рӯзи ҷумъаи Исроил панҷ фаластинӣ, аз ҷумла як писарбачаи 10-сола, кушта шудаанд.
Ҳамос гуфтааст ҳамчунон ҳозир ба азсаргирии музокирот бо миёнҷигарии Миср аст.
Дар ҳамин ҳол, дар Каронаи Бохтарӣ теъдоди зиёде аз фаластиниҳо дар ҷараёни эътирозоте, ки дар ҳамбастагӣ бо аҳолии Ғазза барпо карданд, бо нерӯҳои исроилӣ даргир шуданд.
Дар ин даргирӣ як фаластинӣ ба зарби гулӯла кушта шуд ва як фаластинии дигар низ дар асари ҷароҳоте, ки дар эътирозоти шаҳри Алхалил бардошта буд, субҳи имрӯз ҷон бохт.
Дар шаҳри Алхалил даҳҳо фаластинии дигар низ маҷрӯҳ шудаанд.
Омрико ва Созмони Милали Муттаҳид азсаргирии ҳамалот миёни Ғаззаро маҳкум карда ва аз ҳарду тараф хостаанд ба душманиҳо поён диҳанд.
Ҷош Эрнест, сухангӯи Кохи Сафед, гуфт, ки ду тараф бояд барои барқарории як "оташбаси пойдор" талош кунанд.
Созмони Милал низ гуфтааст ғайринизомиён набояд бештар аз ин ранҷ бибаранд.
Ҷанги ҷории Ғазза аз як моҳ пеш бо ҳамалоти сангини ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза ва партоби мушак аз дохили Ғазза ба сӯи Исроил оғоз шуд.
Нерӯи заминии Исроил низ бо вуруд ба хоки Ғазза ин минтақаро мавриди таҳоҷум қарор дод.
Дар ин ҷанг 1922 фаластинӣ кушта шудаанд, ки бештари онҳо (дастикам 1407 нафар) ғайринизомӣ, аз ҷумла 448 кӯдак ва 235 зан, будаанд.
Аз тарафи Исроил 67 нафар кушта шуданд, ки 64 нафарашон низомӣ буданд. Аз се ғайринизомии кушташуда дар Исроил як нафар табаъаи Тойланд буд, ки дар Исроил ба сар мебурд.
