Бон ҳамлаи Исроил ба мадрасаи СММ дар Ғазаро маҳкум кард
Image copyrightnaБон Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал гулӯлаборони як мадрасаи таҳти назари ин созмонро, ки паногоҳи ҳазорон фаластинӣ дар Ғаза буд, маҳкум кард ва онро густохона ва ғайри қобили тавҷеҳ хонд. Ӯ гуфт, чизе бадтар аз ҳамла ба кӯдакони дар хоб нест.
Давлати Омрико ҳам ин ҳамларо маҳкум кардааст.
Созмони Милал мегӯяд, Исроил бо вуҷуди ҳушдорҳои мукаррари ин созмон мабнӣ бар паноҳ гирифтани ғайринизомиёни фаластинӣ дар ин мадраса бо он ҳамла кардааст.
Крис Гунис, сухангӯйи Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбеи 30 июл гуфт, ҳамлаи мазкур, ки ба кушта шудани 15 нафар ва маҷрӯҳ шудани 10 нафар анҷомид, "мояи шармсории ҷаҳониён аст."
Вай ба Би-би-сӣ гуфт, ки 17 бор ба Исроил гуфта шуда буд, беҷошудагони Ғаза дар ин мадраса дар урдугоҳи паноҳҷӯёни Ҷабалия искон дода шудаанд, ки "охирин мавриди он чанд соъат қабл аз ҳамлаи маргбор буд."
Крис Гунис афзуд: "Бароварди аввалияи мо ин аст, ки тӯпхонаи исроилӣ ба мадрасаи мо ҳамла кардааст."
Оқои Бон баъдан гуфт: "Ман ин ҳамларо ба қавитарин ибороти мумкин маҳкум мекунам. Ғайри қобили тавҷеҳ аст ва масъулон бояд посухгӯ бошанд ва адолат барқарор шавад...Ҳеч чиз шармовартар аз ҳамла ба кӯдаконе, ки дар хоб ҳастанд, нест."
Ёнесун, муъовини оқои Бон гуфт: "Ин лаҳзае аст, ки воқеъан бояд гуфт: дигар бас аст."
Барнодат Миҳан, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Омрико низ гулӯлаброни мадрасаро маҳкум кард.
Ӯ гуфт: "Ин ки, ҳазорон беҷошудагони дохилии фаластинӣ, ки артиши Исроил ба онҳо ихтор дода хонаҳояшонро тахлия кунанд, аммо дар паногоҳҳои мушаххасшудаи Созмони Милал дар Ғаза амният надоранд, шадидан моро нигарон мекунад."
Хонуми Миҳан ҳамчунон "касонеро, ки масъули пинҳон кардани силоҳ дар марокизи Созмони Милал дар Ғаза ҳастанд",маҳкум кард.
Боб Турнар, мудири Ожонси кумакҳои имдодии Созмони Милал низ гуфт, ин созмон "мутмаин" аст, ки Исроил масъули ин ҳамла буддааст.
Артиши Исроил мегӯяд, ки баррасиҳои аввалия нишон дода, ки сарбозони исроилӣ ба оташи хунпорае, ки аз сохтмони муҷовир меомад, посух додаанд.
Ҳафтаи гузашта низ як мадрасаи дигари Созмони Милал, ки фаластиниҳо ба он паноҳ бурда буданд, ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва дастикам 15 нафар кушта шуданд.
