Ҳамос омодагӣ барои оташбас бо Исроилро такзиб кард
Image copyrightepaЯк фармондеҳи Ҳамос гузоришҳо аз омодагии ин гурӯҳи пайкорҷӯ барои оташбас бо Исроил барои поёни хушунатҳо дар Ғаззаро рад кардааст.
Муҳаммад Зайф, фармондеҳи шохаи низомии Ҳамос, дар як паёми савтӣ гуфт, ки сарбозонаш “бо иштиёқ дар интизори марганд.”
Паёми ӯ дар поёни як рӯзи вайронгари дигар дар Ғазза, ки аз ҷумла оташ гирифтани нерӯгоҳи ин ноҳияро дар пай дошт, мунташир шуд.
Ба гуфтаи мақомҳои Ғазза, ҳамалоти ҳавоии Исроил боъиси марги беш аз 100 фаластинӣ шуд, ки шумори куштаҳо дар Ғаззаро ба 1200 нафар мерасонад. Ба гуфтаи онҳо, бештари куштаҳои фаластинӣ ғайринизомӣ будаанд ва 6700 фаластинӣ ҳам захмӣ шудаанд.
Панҷоҳу се сарбози исроилӣ аз замони шурӯъи муноқиша бо Ҳамос дар рӯзи ҳаштуми июл кушта шудаанд. Ду ғайринизомӣ ва як коргари тойландӣ ҳам дар Исроил ҷони худро аз даст додаанд.
Поёни муҳосира
Бо афзоиши фишори байналмилалӣ барои оташбас Исроил ва Ҳамос бар мавозеъ ва аҳдофи худ таъкид кардаанд.
Ба гузориши хабаргузории Осушиэйтид Прес, Муҳаммад Зайф гуфт: "Мо ҳеҷ шартеро барои оташбас намепазирем. Бидуни таваққуфи таъарруз ва поёни муҳосира оташбасе дар кор нахоҳад буд."
Исроил ва Миср вуруди колоҳо ба Ғаззаро аз соли 2007 масдуд кардаанд.
Паёми савтии Муҳаммад Зайф ҳамон рӯзе мунташир мешавад, ки видеуи Ҳамос аз истифодаи пайкорҷӯён аз тунеле барои ҳамла ба як сарбози исроилӣ мунташир шуд.
Исроил пофишорӣ мекунад, ки вуҷуди чунин тунелҳое, ки мегӯяд барои ҳамла ба дохили Исроил тарроҳӣ шудаанд, иллати аслии фишор барои идомаи амалиёти мавсум ба “Лабаи муҳофизатӣ” дар Ғазза аст.
Вазорати дифоъи Исроил мехоҳад ҳатто пас аз тавофуқ бар сари оташбас ҳам амалиётро барои тахриби тунелҳо идома бидиҳад.
Пештар Ёсир Обид Раб, як мақоми аршади фаластинӣ, дар Каронаи Бохтарӣ гуфт, ки оташбас қарибулвуқӯъ аст ва иддиъо кард, ки ба намояндагӣ аз Ҳамос сухан мегӯяд.
Аммо як сухангӯи Ҳамос фавран ин масъаларо рад кард.
Задани таъсисот
Гузоришҳое аз идомаи гулӯлаборони Ғазза пас аз торикии ҳаво, соъоте пас аз он, ки як ришта аҳдофи муртабит бо Ғазза зоҳиран тавассути Исроил бумборон шуд, мерасад.
Пештар як тӯдаи ғализи дуд аз танҳо нерӯгоҳи Навори Ғазза ба осмон бархост, ки пас аз ҳадаф қарор гирифтани яке аз махозини сӯхти он дар асари гулӯлаи исроилиҳо буд ва нерӯгоҳ баста шуд.
Мудири ин нерӯгоҳ ба Би-би-сӣ гуфт, ки умдатарин истгоҳи барқи нерӯгоҳ метавонад барои як сол таътил шавад.
Бино ба гузоришҳо, истгоҳҳои телевизиюнӣ ва родиюии Ҳамос, се масҷид, чаҳор корхона ва сохтмонҳои давлатӣ ҳам ҳадаф қарор гирифтанд.
Манобеъи амниятӣ ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки бандарҳои Ӯазза тахриб шуда ва ду мадраса ва як омодагӣ ҳам мушак хӯрдааст.
Исроил гуфт, ки рӯзи сешанбе ҳудуди 110 ҳадафро бумборон кардааст. Фаластиниҳо гуфтанд, ки аъзои ҳафт хонавода дар миёни беш аз сад нафаре буданд, ки кушта шуданд.
Ниҳоди имдодрасонии Созмони Милал дар Ғазза гуфт, ки акнун беш аз 200 ҳазор нафар дар сарпаноҳҳояш ба сар мебаранд ва гуфт, ки гузориш мешавад шуморе аз хадамааш кушта шудаанд.
Манобеъи амниятии фаластинӣ ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки 55 хона дар бумборони душанбешаб тахриб шуд ва мардум ҳадди ақал дар се хона зери овор мондаанд.
Хонаи Исмоъил Ҳания, нахуствазири собиқи Ҳамос, ҳам тахриб шуд, ки дар замони ҳамла холӣ буд.
Тунелҳо
Рокетҳои шилликшуда аз Ғазза сешанбе ҳам ба хоки Исроил исобат кард.
Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, системи зиддимушакии "Гунбади оҳанин" чаҳор рокетро бар фарози шаҳри ҷанубии Биршуо мунҳадим кард. Ожири хатар ҳамчунин дар Тел-Овив ва чандин шаҳри дигар ба садо даромад.
Сарҳанг Питер Лернер, як сухангӯи артиш, ба хабаргузории Осушиэйтид Прес гуфт, ки фишор бар Ҳамос дар ҳоли афзоиш аст.
Ӯ гуфт: "Исроил мусаммим аст ба ин созмон зарба бизанад ва худро аз таҳдидҳои ин гурӯҳ бираҳонад.
Амалиёти "Лабаи муҳофизатӣ"-и Исроил рӯзи ҳаштуми июл пас аз афзоиши рокетпаронӣ тавассути пайкорҷӯён шурӯъ шуд.
