Дар тӯли оташбаси муваққат даҳҳо ҷасад дар Ғазза пайдо шуд
Image copyrightAFPДар тӯли оташбаси муваққат, ки дар Ғазза барқарор шуда, ба гуфтаи манобеъи фаластинӣ, то кунун беш аз 80 ҷасад дар нуқоти мухталифи Ғазза пайдо шудааст.
Пешбинӣ мешавад дар тӯли идомаи ҷустуҷӯҳо шумори аҷсоди пайдошуда афзоиш ёбад. Ба ин тартиб, то кунун шумори куштаҳо дар Ғазза ба беш аз 950 нафар расидааст.
Комбизи Фаттоҳӣ, хабарнигори Би-би-сии Форсӣ, ки ба минтақаи Шуҷоъия рафта, онҷоро ба маҳаллае зилзилазада ташбеҳ мекунад, ки дар баъзе нуқоти он бӯйи ҷасад ба машом мерасад.
Ӯ мегӯяд мардум машғули кандани замин барои дафни азизонашон будаанд.
Оташбаси 12-соъатаи Ҳамос ва Исроил аз соъати ҳашти субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд.
Манобеъи фаластинӣ мегӯянд пеш аз оташбас дар ҳамлаи тонкҳои исроилӣ 18 нафар аз аъзои як хонавода дар Ғазза кушта шудаанд.
Ҳадаф аз ин оташбаси муваққат ирсоли кумакҳои инсондӯстона ба мардуми Ғазза аст, ҳарчанд Исроил гуфта дар сурати ҳамлаи эҳтимолии Ҳамос нерӯҳояш омодаи посухгӯӣ ҳастанд.
Ба гузориши хабарнигорон, дақоиқе баъд аз шурӯъи оташбас шиллики тонк шунида шудааст.
Бо ин ҳол, тасовири зиндаи хабаргузориҳо аз Ғазза нишон медиҳад, ки авзоъ ором аст. Юлонд Нел, хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Ғазза, мегӯяд авзоъ дубора ба ҳолати одӣ бозгашта ва дар хиёбон теъдоде худрав дар ҳоли рафтуомад дида мешавад.
Манобеъи фаластинӣ мегӯянд дар ҳиҷдаҳ рӯзи гузашта шумори куштаҳо дар Ғазза ба беш аз 880 нафар расидааст. Беш аз панҷ ҳазору 800 нафар ҳам захмӣ шудаанд.
Бо вуҷуди эъломи 12 соъат таваққуфи ҳамалоти ду тараф артиши Исроил дар Твитер эълом карда, ки амалиёти шиносоӣ ва тахриби тунелҳои Ҳамос дар тӯли ин 12 соъат идома хоҳад ёфт.
Артиши Исроил ҳамчунин таъйид карда, ки ду сарбози ин кишвар дар ҳамалоти шаби гузашта кушта шудаанд. Ба ин тартиб, шумори куштаҳои Исроил ба 38 нафар мерасад, ки се нафарашон ғайринизомӣ будаанд. Аз миёни ин се ғайринизомӣ яке шаҳрванди Тойланд ва дигарӣ араби исроилӣ будааст.
Чанд соъат пеш аз он ки мувофиқати ду тараф бо оташбаси 12-соъата эълом шавад, Исроил бо пешниҳоди Омрико барои оташбаси якҳафтаӣ мухолифат карда буд.
Омрико пешниҳод дода дар оташбаси думарҳилаӣ, дар тӯли як ҳафтаи оташбаси муваққат, ду тараф дар бораи сулҳи тӯлонитар ва шартҳое, ки доранд, музокира кунанд.
Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, ки барои музокира бо ду тараф ба минтақа сафар карда, гуфтааст, ки бар хилофи гузоришҳои расонаҳо дар мавриди мухолифати Исроил бо тарҳи оташбаси ҳафтрӯзаи Омрико ӯ ба иҷроӣ шудани як оташбаси буландмуддат миёни тарафайн хушбин аст.
Оқои Керӣ ва намояндагони чанд кишвари урупоӣ ва Қатар қарор аст рӯзи шанбе дар Порис дар бораи роҳҳои эҷоди оташбаси тӯлонитар гуфтугӯ кунанд. Хабаргузории Фаронса гузориш дода, ки нишасти намояндагони ин кишварҳо дар Порис оғоз шудааст.
Ҳамос мегӯяд, ки ба халъи силоҳ тан намедиҳад ва шикастани муҳосираи Ғазза бояд яке аз шароити оташбас бошад. Дар муқобил, Исроил низ хоҳони аз миён бурдани тавони мушакии Ҳамос ва нобуд кардани шабакаи тунелҳои мавриди истифодаи ин гурӯҳ аст.
Каронаи Бохтарӣ ноором аст
Ҳамзамон бо талошҳо барои эҷоди оташбас миёни ду тараф, авзоъ дар Каронаи Бохтарӣ муташанниҷ гузориш шудааст.
Дишаб шуморе аз ҷавонони фаластинӣ дар ҳимоят аз фаластиниёни Навори Ғазза дар нуқоти мухталифи Каронаи Бохтарӣ бо сарбозони исроилӣ даргир шудаанд.
Гуфта мешавад як навҷавони фаластинӣ дар шаҳри Бейтфаҷҷор кушта шудааст. Дар шаҳри Бейтлаҳм тазоҳуркунандагон ба самти нерӯҳои Исроил санг ва бумби бензинӣ андохтаанд. Нерӯҳои Исроил ҳам посухи тазоҳуркунандагонро бо гулӯлаҳои плостикӣ додаанд.
