Созмони Милал: Чаҳор ҳазор сокини Ғазза овора шуданд

  • 14 Июл, 2014
Image copyrightReuters

Садҳо нафар аз фаластиниёни сокини шимоли Навори Ғазза аз бими ҳамалоти Исроил аз хонаҳояшон гурехтаанд. Созмони Милал мегӯяд, ки чаҳор ҳазор нафар фирор карда ва дар паноҳгоҳҳои муваққат искон ёфтаанд.

Пеш аз ин Исроил бо рехтани эъломияҳое ба сокинони ин манотиқ ҳушдор дода буд, ки барои амнияти худашон хонаҳояшонро тахлия кунанд.

Исроил мегӯяд то таваққуфи шиллики рокет аз тарафи "теруристҳо" ва барои аз байн бурдани пойгоҳҳои партоби онҳо ба Навори Ғазза ҳамла мекунад, аммо ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид бештар аз се чаҳоруми кушташудагони ҳамалоти ахири Исроил ғайринизомӣ ҳастанд.

Бисёре аз рокетҳои шилликшуда аз Навори Ғазза тавассути системи дифоъии "Гунбади оҳанин"-и Исроил хунсо мешаванд ва даври ахири даргирӣ ҳеҷ исроилӣ кушта нашудааст.

Дар муқобил шумори фаластиниёни кушташуда дар ҳамалоти Исроил аз 160 нафар гузаштааст.

Исроил дар ҳоле ба ҳамалоти худ идома медиҳад, ки раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Омрико ва Бритониё тарафайнро ба барқарории оташбас даъват кардаанд.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳам хоҳони оташбаси фаврӣ дар Навори Ғазза шудааст, аммо ҳамалоти Исроил ба Навори Ғазза идома доштааст.

Ҳамчунин дар рӯзҳои гузашта дар шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Ню-Йурк, Турунтру, Сидней ва Деҳлӣ тазоҳурот ва таҷаммуъҳое дар ҳимоят аз фаластиниён ва маҳкумияти ҳамалот алайҳи Навори Ғазза баргузор шудааст.

Дар як ҳамлаи мушакии Исроил, ки шаби шанбе анҷом шуд, 17 узви як хонавода кушда шуданд. Хонае, ки ҳадаф қарор гирифт мутаъаллиқ ба раиси пулиси Ғазза буд. Худи ӯ дар ин ҳамла захмӣ шудааст.

Image copyrightReuters
Image caption Фаластиниёне, ки аз хонаҳои худ овора шудаанд
Image copyrightBBC World Service
Image caption Исроил дар як ҳамлаи мушакӣ шанбешаб 17 нафар аз аъзои як хонаводаи фаластиниро кушт
Image copyrightBBC World Service
Image caption Кӯдаки фаластинӣ, ки падарашро аз даст додааст.
Image copyrightnon
Image caption Паноҳҷӯёне, ки исроилиҳо дар мавқеъи шиллики рокетҳо аз онҳо истифода мекунанд.

Матолиби муртабит