Афғонистон
Муҳимтарин хабарҳо
Уламои Кобул: Қатли Фархунда ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ аст

Шӯрои уламои Кобул бо гирдиҳамоӣ дар шаҳри Кобул қатли Фархунда, духтари ҷавони Афғонистонро дасисае аз сӯйи туморнависон дониста ва оноро ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ хонданд.
- 25 Март, 2015
Занони Кобул пайкари Фархундаро ба хок супурданд
Имрӯз маросими хоксупории пайкари Фархунда, ки се рӯз пеш аз сӯи тӯдае аз мардон ба занни сӯзондани Қуръон сангсор ва ҷасадаш сӯзонда шуд, дар Кобул анҷом шуд. Занони ширкаткунанда дар ин маросим иҷоза надоданд, ки тобути ӯ тавассути мардон ҳамл шавад.
- 22 Март, 2015
Мардони хашмгин занеро дар маркази Кобул куштанд ва сӯзонданд
Мақомҳои амниятӣ дар Кобул мегӯянд, ки мардони хашмгин дар маркази шаҳри Кобул як занро, ки гуфта шуда Қуръонро оташ зада буд, куштанд ва баъд ҷасадашро сӯзонданд.
- 20 Март, 2015
Инфиҷори интиҳорӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон
Инфиҷори интиҳорӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон
- 18 Март, 2015
Давлати Афғонистон ҳузури Доъиш дар ин кишварро таъйид кард
Дафтари раиси ҷумҳурии Афғонистон барои аввалин бор расман ҳузури гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ ё Доъишро дар Афғонистон таъйид кард.
- 17 Март, 2015
Эҳтимоли боқӣ мондани шумори бештаре аз нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон
Як мақоми баландрутбаи омрикоӣ гуфтааст, ки давлати Омрико дар мавриди суръати хуруҷи нерӯҳои худ аз Афғонистон бознигарӣ мекунад.
- 15 Март, 2015
Ошӯби хунини зиндониён дар шимоли Афғонистон
Имрӯз даргирии хунине миёни зиндониён ва масъулини зиндон дар вилояти Ҷавзҷон дар шимоли Афғонистон рух дод. Дар натиҷаи ин даргирӣ то кунун як зиндонӣ ва ду маъмури зиндон кушта ва даҳ зиндонӣ ва як маъмури зиндон захмӣ шудаанд.
- 8 Март, 2015
Беш аз сад хонаводаи ӯзбакистонӣ дар шимоли Афғонистон ба Толибон пайвастаанд
Мақомҳои маҳаллии вилояти Форёб дар шимоли Афғонистон мегӯянд, ки беш аз сад хонавода аз ҷангҷуёни ӯзбакистонӣ дар ин вилоят ба Толибон пайвастаанд.
- 8 Март, 2015
Ашраф Ғанӣ: Занон дар ҳама сутӯҳи давлат ҳузур хоҳанд дошт
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, дар маросими таҷлил аз рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагии занони афғон ваъда кард, ки барои баробарии занон ислоҳот меоварад.
- 5 Март, 2015
Эъломи азои умумӣ дар Афғонистон
Бо кушта шудани даҳҳо шаҳрвандон дар пайи ҳаводиси табиъӣ дар саросари Афғонистон давлати ваҳдати миллӣ барои се рӯз азои умумӣ эълом кард.
- 28 Феврал, 2015
