Сиёсӣ
Муҳимтарин хабарҳо
Поягузории шаҳре ҷадид дар шимоли Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ширкат дар маросиме ба сохтмони шаҳре ҷадид дар вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар, поя гузошта ва пешниҳод карда, ки ин шаҳр Сайҳун хонда шавад.
- 24 Март, 2015
Артиши "ғулҳои интернетӣ" дар хидмати Кремлин
Тайи як соли ахир дар Русия фаъъолияти “ғулҳои кремлинӣ” – блогерҳо, ки гуфта мешавад давлат ба онҳо барои интиқоди Укройн ва Ғарб ва васфи раҳбарони Кремлин дар шабакаҳои интернетӣ пул медиҳад, бамаротиб шиддат гирифтааст.
- 24 Март, 2015
Раҳмон: Мо бояд ойини мудороро риъоят кунем!
Эмомалӣ Раҳмон нақши зиёиёни кишварро ба унвони “қувваи пешбарандаи ҷомеъа” дар бақои арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва давлатдории демукротику дунявӣ муҳим хонд.
- 19 Март, 2015
Раҳмон ба порлумони нав гуфт, ки чигуна қонунҳое тасвиб кунад
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ширкат ва суханронӣ дар нахустин иҷлоси ҳайъати ҷадиди порлумони ин кишвар хостори тасвиби қавонине шуд, ки "саботи сиёсиву иҷтимоъии ҷомеъаро таъмин намоянд."
- 17 Март, 2015
Шаш парвандаи ҷиноӣ барои муъомила бо арзи хориҷӣ
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боз кардани шаш парвандаи ҷиноӣ дар робита бо муъомилоти коло бо арзи хориҷӣ дар ин кишвар хабар додаанд.
- 17 Март, 2015
Рустами Эмомалӣ раиси Ожонси мубориза бо фасод таъйин шуд
Рустами Эмомалӣ, фарзанди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки то ҳоло раёсати Идораи гумруки Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, раиси Ожонси мубориза бо фасоди кишвар таъйин шуд.
- 16 Март, 2015
Амиршоева: Ба иқдомоти фейсбукӣ вокунише нахоҳам кард
Гулнора Амиршоева, рӯзноманигор ва узви мунтахаби Маҷлиси шаҳри Душанбе, мегӯяд ба иқдомоти гурӯҳҳои фейсбукӣ алайҳи худ ҳеч вокунише нахоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки бархе аз корбарони Фейсбук ӯро ба тавҳин ба забони расмии Тоҷикистон муттаҳам кардаанд.
- 14 Март, 2015
Тавофуқи Бордюжа бо мақомоти тоҷик дар бораи эҳёи саноеъи низомӣ
Николай Бордужа гуфт, ки ризояти Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳамкории Тоҷикистону Русия дар арсаи саноеъи низомӣ, аз ҷумла аз сар гирифтани фаъъолияти корхонаҳои саноеъи низомӣ дар Тоҷикистон дарёфт кардааст.
- 13 Март, 2015
Зоиров интихоботи порлумониро "интихоботи бидуни интихоб" хонд
Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллии ин кишварро, ки рӯзи 1-уми март баргузор шуд, як "интихоботи бидуни интихоб" хондааст.
- 10 Март, 2015
Вокуниши созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ба қатли Умаръалӣ Қувватов
Хонаи Озодӣ, як созмони мудофеъи ҳуқуқи башари мустақар дар Омрико, аз давлати Туркия хостааст, ки ҳодисаи қатли Умаръалӣ Қувватов, тоҷир ва сиёсатмадори табъидии тоҷикро, ба таври фарогир таҳқиқ кунад ва омилони ин қатлро ба сазои амалашон бирасонад.
- 7 Март, 2015
