Иҷтимоъӣ
Муҳимтарин хабарҳо
Ҷон додани кӯдакони зери 3-сола дар сонеҳаҳо дар рӯзҳои таътил

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани кӯдаки 2-сола дар зери чархи худрави яке аз хешовандонаш дар ин кишвар хабар додаанд.
- 24 Март, 2015
Додгоҳ муҷрии собиқи телевизиюнро ба 9 сол зиндон маҳкум кард
Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе Муъаттара Ҷӯраева, муҷрии собиқи барномаҳои телевизиюни давлатии ин кишварро, барои 9 сол ба зиндон маҳкум кард. Қозии додгоҳ Муъатарра Ҷӯраеваро дар қаллобӣ (кулоҳбардорӣ) муҷрим шинохтааст.
- 18 Март, 2015
Ҳамоиши минтақаӣ барои ҳамкорӣ дар мубориза бо маводди мухаддир дар Душанбе
Дар шаҳри Душанбе дар ҳамоише бо ширкати намояндагони ниҳодҳои интизомии кишварҳои минтақа шеваи фаъъолияти ин ниҳодҳо барои тақвияти ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бо маводди мухаддир дар оянда баррасӣ шуд.
- 16 Март, 2015
Баррасии масоили издивоҷ миёни хешовандон дар Душанбе
Дар шаҳри Душанбе дар як мизи гирд масоили марбут ба издивоҷҳои миёни хешовандон баррасӣ шуд. Дар ин нишаст, ки рӯзи панҷшанбеи 12 март доир шуд, ҳамчунин масъалаи озмоиши пизишкии ҷавонон қабл аз издивоҷ миёни онҳо матраҳ шуд.
- 12 Март, 2015
Эътои ҷавоизи Лоҳутӣ ба шуморе аз рӯзноманигорон
Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба муносибати "Рӯзи матбӯъоти миллӣ" дар ин кишвар ба шуморе аз рӯзноманигорон ҷавоизе эъто кардааст. Ин ҷавоиз дар маросиме дар теотри Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе ба ин афрод эъто шуд.
- 11 Март, 2015
Боздошти ду сокини вилояти Суғд ба занни қатл дар як рӯз
Пулис аз боздошти ду сокини вилояти Суғди Тоҷикистон ба занни қатл дар ин кишвар хабар додааст.
- 6 Март, 2015
Пулиси Тоҷикистон миёни ронандагони зан озмун эълом кард
Барои бори нахуст дар Тоҷикистон озмуни вижаи ронандагӣ миёни занон эълом шудааст. Торнамои Вазорати кишвари Тоҷикистон зимни пахши огаҳие дар ин бора хабар дод, ки ин озмун ба муносибати рӯзи байналмилалии занон баргузор мешавад.
- 3 Март, 2015
Кушта шудани ҳашт нафар бар асари резиши баҳман дар Тоҷикистон
Ахиран дар роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон дар вилоёти Суғду Бадахшон ҳашт сокини ин кишвар бар асари резиши баҳман ҷон бохтаанд. Аз ҷумла, рӯзи душанбе дар асари резиши баҳман дар гарданаи Шаҳристон дар ноҳияи Айнӣ ду нафар ҷони худро аз даст додаанд.
- 24 Феврал, 2015
Созмони "Оби умед" ҷоизи "Экватор2014"-ро ба худ ихтисос дод
Созмони "Оби умед" аз Тоҷикистон аз ҷумлаи созмонҳои ғайридавлатиест, ки ҷоизаи мавсум ба "Экватор2014"-ро аз миёни беш аз 800 довталаб аз саросари ҷаҳон ба худ ихтисос додааст.
- 18 Феврал, 2015
Нигоҳе ба равоншиносии ишқварзӣ; ишқ осон намуд аввал, вале
Эҳтимолан ҳамаи мо як бор ошиқ шудаем, ошиқ шудан ба унвони фароянде дар рушд ва такомули шахсият мавриди назар қарор гирифтааст.
- 15 Феврал, 2015
