Кушта шудани ҳашт нафар бар асари резиши баҳман дар Тоҷикистон

  • 24 Феврал, 2015
БаҳманImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар се рӯзи ахир дар роҳҳои Тоҷикистон ҳашт нафар бар асари резиши баҳман кушта шудаанд

Ахиран дар роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон дар вилоёти Суғду Бадахшон ҳашт сокини ин кишвар бар асари резиши баҳман ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилоъи Орифҷон Нозимов, сухангӯи Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон, зуҳри рӯзи душанбеи 23 феврал дар 158-киоуметрии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар қисати ҷанубии гарданаи Шаҳристон дар ноҳияи Айнӣ резиши баҳман ё тарма рух додааст.

Дар натиҷа, баҳман як утумубили навъи "Газел"-ро ба коми худ кашида ва ин утумубил аз баландии 50 метр ба поён сарозер шудааст.

Ба гуфтаи оқои Нозимов, бар асари ин ҳодисаи табиъӣ ронанда Ҳайдарҷон Шокирови 33-сола, сокини рустои Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст. Усмон Шокиров, падари ӯ, низ бар асари ҷароҳоти сангин дар бемористони ноҳияи Айнӣ фавт кардааст.

Тибқи иттилоъи Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, дар зарфи се рӯзи ахир дар роҳҳои утумубилрави ин кишвар бар асари резиши баҳман ҳашт нафар кушта шудаанд.

Қаблан, дар манотиқи кӯҳистонии вилояти Бадахшон дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ як комюни "КамАЗ" зери тарма монда ва се мусофири он кушта шуда буданд.

Дар ҳодисаи мушобеҳе дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Айнӣ як худрави тамғаи "Howa" аз баландии 330 метр ба зер уфтода ва се сарнишини он дар маҳалли ҳодиса фавт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон ҳушдор додаанд, ки то 26 феврали соли ҷорӣ ҳавои манотиқи кӯҳистонӣ номусоъид боқӣ хоҳад монд. Онҳо аз ронандагон даъват кардаанд, ки ҳатталимкон аз сафар дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ худдорӣ кунанд.

Зимнан, ҳамасола резиши баҳман ё ҷорӣ шудани сел дар Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддии иқтисодӣ барҷой мегузорад. Талафоти ҷонӣ дар вилоёти Суғду Бадахшон аз нахустин мавориди маргу мир бар асари ҳаводиси табиъӣ дар соли милодии ҷорӣ будааст.

Матолиби муртабит