Хатари резиши баҳман дар ҷоддаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон

  • 5 Феврал, 2014
Роҳи Душанбе-ХоруғImage copyrightBBC World Service
Image caption Ҳаракати васоили нақлия дар ҷоддаи Душанбе-Хоруғ то ҳол масдуд аст

Кумитеи умури изтирории Тоҷикистон сокинонро аз хатари резиши баҳман ё тарма дар ҷоддаҳои кӯҳистонӣ ҳушдор додааст.

Масъулони ин кумите мегӯянд агарчи бархе аз ҷоддаҳои кӯҳистонӣ, ба истиснои роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, боз аст, аммо хатари резиши тарма дар он ҷоҳо вуҷуд дорад ва сокинон бояд аз сафарҳои ғайризарурӣ худдорӣ кунанд.

Ин кумите ҳамчунин сокинони шаҳри Душанберо аз хатароти ношӣ аз суқути яхпораҳои бузург аз сақфи биноҳо дар ин шаҳр ҳушдор дода ва аз онҳо даъват кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз назди биноҳое, ки дар онҳо чунин яхпораҳо ба назар мерасанд, худро канор гиранд.

Орифшо Нозимов, сухангӯйи Кумитеи умури изтирорӣ, рӯзи чаҳоршанбеи 5 феврал ба Би-би-сӣ гуфт, ки кормандони наҷоти ин кумите дар сурати бурузи мушкилоте дар ин замина билофосила ба кумаки сокинон хоҳанд расид.

Ба гуфтаи ӯ, бориши барфи зиёд дар рӯзҳои ахир ва резиши баҳман ҳаракати утумубилҳо дар бархе аз ҷоддаҳои кӯҳистонӣ, аз ҷумла роҳи Душанбе-Хоруғро, аз се рӯз қабл масдуд карда ва имкони рафтуомад ба вилояти Бадахшон аз роҳи заминӣ вуҷуд надорад.

Аммо ҳаракати васоили нақлия дар роҳҳои дигар, аз ҷумла ҷоддаи Хуҷанд-Душанбе ва Душанбе-Рашт имконпазир аст, ҳарчанд хатари резиши баҳман дар бархе аз нуқоти кӯҳистонии ин роҳҳо вуҷуд дорад.

Оқои Низомов афзуд: “Танҳо аз рӯзи 2 феврали соли равон ба сабаби фаромадани тарма (баҳман) дар чанде аз қисматҳои шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар ноҳияи Дарвоз ҳаракати нақлиёт дар ин шоҳроҳ баста аст.”

Ба гуфтаи ӯ, кормандони кумите якҷо бо масъулони роҳу таробарӣ машғули поксозии ин роҳ ҳастанд.

Ӯ гуфт: “Ҳануз хатари фаромадани тарма дар ин самти роҳ вуҷуд дорад, аммо бо поксозии роҳ аз тарма ҳаракати васоили нақлия дар ин роҳ дубора аз сар гирифта мешавад.”

Ҳамакнун танҳо роҳе, ки барои интиқоли маводди зарурӣ ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, боз аст, роҳи Хоруғ-Мурғоб- Уши Қирғизистон аст. Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳо, Қирғизистон гузаргоҳҳои марзии худро бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар марз бо ноҳияи Мурғоб, ба таври якҷониба бастааст.

Ин иқдоми Қирғизистон дар пайи даргирии рӯзи 11 январ миёни марзбонони ду кишвар дар минтақаи марзии Исфара, дар шимоли Тоҷикистон, сурат гирифтааст. Ба дунболи ин даргирӣ Қирғизистон сафири худ дар Душанберо низ фаро хонда ва равобиташ бо Тоҷикистон тира шудааст.

Матолиби муртабит