Ҳавопаймои "ТоҷикЭйр" дар Хуҷанд бидуни садама фуруд омад

Ҳавопаймои масири фурудгоҳи Домодедово-Хуҷанд, ки ба ҳангоми нишаст ба мушкили фаннӣ мувоҷеҳ шуда буд, тавонист бидуни садама дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд фурӯд ояд.
Ҳавопаймои “Боинг”-и ширкати “Тоҷик Эйр”, ки субҳи ҷумъаи 24 май, бо 90 мусофир аз фурудгоҳи Домодедови шаҳри Маскав ба Хуҷанд парвоз кард ба ҳангоми фурӯд омадан ба мушкилоти фаннӣ рӯбарӯ шуд.
Абдусаттор Зиёев, муъовини раиси ширкати “Тоҷик Эйр” ба Би-би-сӣ гуфт, ҳавопаймо ба муддати 40 дақиқа дар фазои шаҳри Чкалов чарх зад, то аз ин тариқ маводди сӯхтро масраф кунад ва битавонад бо камтарин риск фуруд ояд.
Масъулони "ТоҷикЭйр" гуфтанд сабаби рух додани вазъи изтирорӣ дар ҳавопаймо ҳанӯз мушаххас нест ва барои ташхиси ин вазъ кумисиюни вижае таъсис шудааст.
Қабл аз нишастани ҳавопаймои "ТоҷикЭйр" роҳҳо ба самти фурӯдгоҳи Хуҷанд масдуд буд ва кормандони ниҳодҳои сӯхторнишонӣ ва умури изтирорӣ ба ҳолати омодабош даромада буданд.
Ин вазъият дуруст як рӯз пас аз интишори феҳристи ширкатҳои ҳавопаймоии бадтарини ҷаҳон аз сӯйи Business Insider, хабаргузории таҳлилии омрикоӣ рух медиҳад.
Ин хабаргузорӣ ширкати "Тоҷик Эйр"-ро дар ин феҳрист дар миёни даҳ ширкати бадтарини ҳавопаймоӣ қарор дод. Масъулони "ТоҷикЭйр" ин гузоришро беэътибор хонданд.
