Хабаргузории таҳлилие 'ТоҷикЭйр'-ро яке аз 10 ширкати бадтарини дунё хонд

  • 23 Май, 2013
Image caption Business Insider хабаргузории таҳлилии мустақар дар Омрико аст, ки фаъъолияти худро дар соли 2009 оғоз карда ва моҳона ҳудуди даҳ милюн хонанда дорад.

Business Insider, хабаргузории таҳлилии омрикоӣ ширкати "ТоҷикЭйр"ро дар миёни даҳ ширкати бадтарини ҳавопаймоӣ қарор додааст.

Ин хабаргузории таҳлилӣ феҳристи 20 ширкати ҳавопаймоии бадтарини ҷаҳонро тартиб додааст, ки “ТоҷикЭйр”-и Тоҷикистон дар ин феҳрист дар радаи 9-ум қарор дорад.

Абдусаттор Зиёев, муъовини мудири кулли ширкати ҳавопаймоии "ТоҷикЭйр" дар заминаи бехатарии парвозҳо ба Би-би-сӣ гуфт, ки набояд ба сойти Business Insider эътимод кард.

Ӯ афзуд: “Молики ин сойт кист ва дар кадом кишвар онҳо фаъолият мекунанд? Аз рӯи кадом нишондодҳо онҳо ин ширкатҳоро баҳогузорӣ кардаанд ва чаро мо бояд ба онҳо бовар кунем?!”

Бо ин вуҷуд оқои Зиёев афзуд: “Агар ширкати ҳавопаймоии Туркманистон ва Узбакистон, ки Боингҳои ҷадид доранд дар аз ширкати "Тоҷик Эйр" мақоми поёнтар доранд, пас хеле олиҷаноб аст. Аммо ин таҳлилро наметавон ҷиддӣ гирифт, зеро он асоси воқеъӣ надорад."

Аммо дар гузориши Business Insider омадааст, ки дар канори вазъи ҳавопаймоҳо сервис ё хизматрасонӣ дар ширкатҳои ҳавопаймоӣ баррасӣ шудааст. Дар ин гузориш омадааст, ки ба ҷуз аз сервиси бади "ТоҷикЭйр", ҳавопаймоҳои кӯҳнаи ин ширкат чанд маротиба суқут кардаанд.

Ин хабаргузории таҳлилӣ навишта, ки дар асари суқути ҳавопаймоҳои ин ширкат дар соли 1993 беш аз 100 нафар ва дар соли 1997, 85 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Дар садри ҷадвали бадтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон ширкати ҳавопаймоии Туркманистон бо қарор дошта ва мақоми дуввумро ширкати ҳавоии Судон гирифтааст.

Укройн дар ҷойи сеюм қарор гирифта ва сипас ин феҳристро ширкатҳои ҳавопаймоии Узбакистон, Курреи Шимолӣ, Булғористон, Русия ва Тоҷикистон идома додаанд.

Business Insider хабаргузории таҳлилии мустақар дар Омрико аст, ки фаъъолияти худро дар соли 2009 оғоз карда ва моҳона ҳудуди даҳ милюн хонанда дорад.