Эрон
Муҳимтарин хабарҳо
Вазирони хориҷаи Эрону Омрико музокироти ҳастаиро аз сар мегиранд

Дар ҳоле ки вазирони хориҷаи Эрон ва Омрико музокироти ҳастаиро аз сар мегиранд, ба нақл аз манобеъи омрикоӣ эҳтимоли дастёбӣ ба тавофуқ дар чанд рӯзи оянда матраҳ шудааст.
- 26 Март, 2015
Исроил ҷосусӣ аз музокироти ҳастаии Эрон ва Омрикоро такзиб кард
Давлати Исроил гузориши рӯзномаи омрикоии Вол Истрит Журнол мабнӣ бар ҷосусӣ аз гуфтугӯҳои Эрон ва Омрико бар сари барномаи ҳастаии Эронро такзиб кардааст.
- 24 Март, 2015
Муҳаммади Яздӣ, раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон шуд
Муҳаммади Яздӣ, дабири ҷомеъаи мударисини ҳавзаи илмияи Қум бо аксарияти орои аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон ба раёсати ин маҷлис расид.
- 10 Март, 2015
Мақомоти эронӣ натоиҷи музокироти ҳастаии Мунтеруро ташреҳ карданд
Бо поён гирифтани даври дигаре аз музокироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои Гурӯҳи 5+1, мақомоти эронии ширкаткунанда дар ин музокирот дар бораи натоиҷи бадастомада тавзеҳоте додаанд.
- 6 Март, 2015
Ҷеймз Клепер: Эрон силоҳҳои зиёде барои набард бо Доъиш ба Ироқ бурда
Ҷеймз Клепер, мудири иттилоъоти миллии Омрико, дар мусоҳибае бо шабакаи Си-би-эс гуфтааст, ки Эрон нақше ҷиддӣ дар муқобила бо Доъиш дар Ироқ дорад.
- 4 Март, 2015
"Пешниҳоди" Русия ба Эрон барои таҳвили системи зидимушакии ҷадид
Хабаргузориҳо ба нақл аз хабаргузории русии Итортос гузориш кардаанд, ки ин кишвар ба Эрон пешниҳод дода системи зидимушакии "Антей-2500"-ро ба ҷои сомонаи дифоъи мушакии С - 300 ба Эрон таҳвил бидиҳад.
- 23 Феврал, 2015
Зариф: Тавофуқ бо вуҷуди таҳрим бисёр мушкил аст
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст, ки ин кишвар тавофуқи "ноқис ва мубҳам"ро нахоҳад пазируфт ва таъкид кардааст, ки дар сурати идомаи таҳримҳо ба даст омадани тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ "бисёр мушкил" аст.
- 22 Феврал, 2015
Рӯнамоӣ аз як қалами хаттотии ҷадид дар Эрон
Намоишгоҳе аз осори хаттотии Куруши Қозимурод дар хонаи ҳунармандон дар Теҳрон барпо шуд. Ин намоишгоҳ ба муносибати рӯнамоӣ аз як қалами хаттотии ҷадиди "сарир" баргузор шуда буд.
- 20 Феврал, 2015
Як мақоми додгустарӣ дар ғарби Эрон терур шуд
Раиси додгустарии шаҳристони Равонсари устони Кирмоншоҳ, дар ғарби Эрон, дар пайи ҳамлаи як фарди мусаллаҳ кушта шудааст. Ба гуфтаи мақомот, Салими Қанбарӣ ҳангоме ки озими маҳалли кораш буд, ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт ва дар бемористон даргузашт.
- 10 Феврал, 2015
Эрон моҳвораи Фаҷрро дар мадор қарор дод
Эрон эълом карда, ки моҳвораи Фаҷрро ба унвони чаҳорумин моҳвораи бумӣ бомуваффақият дар мадори замин қарор додааст.
- 2 Феврал, 2015
