Як мақоми додгустарӣ дар ғарби Эрон терур шуд
Раиси додгустарии шаҳристони Равонсари устони Кирмоншоҳ, воқеъ дар ғарби Эрон, дар пайи ҳамлаи як фарди мусаллаҳ кушта шудааст.
Ба гуфтаи мудири кулли амниятии устондории Кирмоншоҳ, ки Салими Қанбарӣ ҳангоме ки дар маҳалли Булвори шаҳри Равонсар озими маҳалли кори худ буд, ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт ва пас аз интиқол ба бемористони ин шаҳр даргузашт.
Ин ҳодиса субҳи рӯзи сешанбеи 21 баҳман (10 феврал) рӯй дода ва ба гузориши Воҳиди марказии хабар, ҳангоми хуруҷи Салими Қанбарӣ аз хонаи худ фарди зориб (ҳамлакунанда) ӯро ба рагбор (тирандозӣ) баст. Ин гузориш меафзояд, ки дар ин воқеъа фарзанди оқои Қанбарӣ ҳам захмӣ шудааст.
Мудири кулли амниятии устони Кирмоншоҳ гуфтааст, ки зориб, ки тавассути маъмурони пулис захмӣ шуда буд, боздошт шуда ва аз ӯ як қабза аслиҳа ба даст омадааст.
Дар маврииди иллати ин воқеъа ҳанӯз ҷузъиёти бештаре мунташир нашуда, аммо хабаргузории Меҳр гуфта, ки фарди дастгиршуда "собиқадор" будааст. Ба гуфтаи Воҳиди марказии хабар, таҳқиқот аз зориб барои таъйини ангезаи ин қатл оғоз шудааст.
Шаҳристони (ноҳияи) Равонсар дар 55-килуметрии шимоли ғарби Кирмоншоҳ дар доманаи кӯҳистони Шоҳу воқеъ шуда ва ҷамъияти он 47 ҳазор нафар аст. Аксари аҳолии ин шаҳристон суннӣ ҳастанд ва ба забони курдӣ сухан мегӯянд. маркази шаҳристони Равонсар шаҳри Равонсар аст.
Ба гузориши хабаргузории Ирно, Салими Қанбарӣ муддати ҳафт сол дар додгустарии шаҳристони Равонсар собиқаи хидмат дошт.
Се сол пеш, хабаргузории Исно матни мусоҳибаеро бо оқои Қанбарӣ дар симати додситони умумӣ ва инқилоби Равонсар мунташир кард.
Дар он мусоҳиба оқои Қанбарӣ изҳор дошта буд, ки "ноҳамвориҳои мунҳасир ба фард ва саъбулъубури ин шаҳристон, марзи муштараки он бо устони Курдистон ва халаъҳои ношӣ аз иштирок дар ин марз" боъиси ҳузури гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат, аз ҷумла Пежок, дар ин минтақа шудааст.
Пежок ё Ҳизби зиндагии озодонаи Курдистон як гурӯҳи мухолифи давлати Эрон аст, ки барои озодиҳои бештари фарҳангию мадании курдҳо мубориза мекунад.
Салими Қабнбарӣ се сол пеш дар мусоҳиба бо хабаргузории Меҳр гуфта буд, ки иқдомоти мақомоти маҳаллӣ ва "ҳамдилии сокинони шиъа ва суннии" минтақа боъиси ҳифзи амният шудааст.
Вай ҳамчунин гуфта буд, аз онҷо ки Равонсар як минтақаи умдатан кишоварзӣ аст, бештари парвандаҳои қазоӣ ба даъовии марбут ба тасарруфи удвонӣ (худсарона) ва тасодуфоти ронандагӣ марбут мешавад.
