Афғонистон воридоти бензини Эронро мутаваққиф кард
Image copyrightjupiter stillДавлати Афғонистони воридоти фаровардаҳои нафтӣ, аз ҷумла воридоти бензин ва гозуилро аз Эрон мутаваққиф кардааст.
Масъулони гумруки вилояти Нимрӯз дар ғарби Афғонистон мегӯянд, ки 20 рӯз қабл бо поён ёфтани соли молӣ, маводди нафтии содиротии Эрон мутаваққиф шуда ва Афғонистон барои азсаргирии воридоти маводди нафтӣ аз Эрон шароити ҷадиде гузоштааст.
Вайси Султонӣ, раиси гумруки Нимрӯз, ба Би-би-сӣ гуфт, ки тибқи тасмими шӯрои вазирон то замоне, ки Эрон истондордҳои бензин ва гозуили содиротии худ ба Афғонистонро боло набарад, Афғонистон иҷозаи вуруд ба онро намедиҳад.
Оқои Султонӣ гуфт, ки дар гузашта Афғонистон аз Эрон бензини A80 ва гозуили L62 ворид мекард, аммо бо оғози соли молии ҷадид агар маводди нафтии содиротии Эрон ба Афғонистон мутобиқи истондордҳои ҳавзаи юру, бензини А95 ва гозуили болои панҷ набошад, ин кишвар дигар аз Эрон маводди нафтӣ ворид нахоҳад кард.
Ӯ гуфт, ки ҳамакнун воридоти бензин ва гозуил аз Эрон дар Ҳирот ва Фароҳ мутаваққиф аст ва гумрукот иҷоза надоранд ки комюнҳо ва нафткашҳои ҳомили бензин ва гозуилро иҷозаи вуруд диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Меҳр"-и Эрон низ дар гузорише ба нақл аз Муҳаммадалии Хошӣ, мудири кулли гумрукоти Хуросони Ҷанубӣ гуфта, ки аз ибтидои моҳи дай (22 декабр) "давлати Афғонистон ҷилави воридоти тамоми муштақоти нафтӣ аз Эрон ба ин кишварро гирифтааст."
Ӯ гуфта, ки ширкатҳои талвидии Эрон камтар қодир ба тавлиди муштақоти нафтӣ бар асоси истондордҳои ҷадиди Афғонистон ҳастанд ва дар ҳоли ҳозир 160 комюн дар устони Хуросони Ҷанубӣ мутаваққиф шуда ва Эрон мехоҳад, ки давлати Афғонистон мушкилоти гумрукии ин комюнҳоро, ки қабл аз вазъи истондордҳои ҷадид боргирӣ карда буданд, ҳал кунад.
Абдулқодири Ҷилонӣ, сухангӯйи вазорати молияи Афғонистон, мегӯяд, ки истондордҳои ҷадид танҳо марбут ба колоҳои содиротии Эрон нест, балки ҳама колоҳои воридотӣ аз ҳамаи кишварҳоро дар бар мегирад. Ӯ гуфт ки воридоти маводди нафтии бекайфият дар канори соири мушкилот боъиси олудагии ҳаво ва муҳити зист шуда ва ҷони афғонҳоро дар хатар андохтааст.
