Ҷон Керрӣ: Ҳамчунон мутаъаҳҳид ба бозсозии Афғонистон ҳастем
Image copyrightGettyҶон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико , бар таъаҳҳудоти кишвараш барои сармоягузорӣ дар Афғонистон ва "қудратманд" сохтани он таъкид кард.
Оқои Керрӣ, ки дар кунфронси якрӯзаи бозсозии Афғонистон дар Ландан суханронӣ мекард, афзуд ба тавоноиҳои Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, барои эҷоди кишваре "қавӣ ва шукуфо" имон дорад.
Дар ин кунфронс беш аз 70 кишвар ва ниҳоди байналмилалӣ бо ҳадафи таҷдиди таъаҳҳудоти молӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон ширкат карда буданд.
Оқои Ғанӣ дар пайи дарёфти тазминҳое аз ширкаткунандагон дар кунфронс барои тадовуми самромягузорӣ дар Афғонистон буд.
То поёни моҳи ҷорӣ қарор аст бахши аъзами нерӯҳои чандмиллиятӣ хоки Афғонистонро тарк кунанд.
Девид Комерун, нахуствазири Бритониё ба оқои Ғанӣ итминони хотир дод, ки кишвараш дар идомаи масир ҳамроҳи Афғонистон боқӣ хоҳад монд.
Раиси ҷумҳури Афғонистон дар суханронии худ ваъда дод, ки ислоҳот идома меёбад ва гуфт: "Таърих дубора такрор нахоҳад шуд, мо гузаштаро пушти сар гузоштаем."
Бо беш аз як даҳа ҷанг дар Афғонистон акнун ин кишвар ба кумакҳои хориҷӣ вобаста аст.
Ҳамалоти Толибон дар ҳафтаҳои ахир афзоиш ёфта ва ин мавзӯъ пурсишҳоеро дар бораи тавоноии нерӯҳои афғон дар эҷоди амният ба вуҷуд овардааст.
Оқои Ғанӣ дар моҳи сентябр раёсати ҷумҳурии Афғонистонро бар уҳда гирифт ва ваъда дод, ки оромишро дар ин кишвар барқарор кунад.
Раиси ҷумҳури Афғонистон дар ин кунфронс дар пайи касби таъйид аз тарҳи худ мавсум ба "Даҳаи тағйир" барои бозсозии комили кишвараш буд, ки қарор аст аз соли 2015 то 2024-ро дар бар бигирад.
Ӯ ҳамчунин аз кишварҳои фаъъол дар ҷанги ахир хост, ки пас аз хуруҷи нерӯҳояшон кумакҳои молӣ ба Афғонистонро идома диҳанд.
Вазири хориҷаи Омрико аз тадовуми сармоягузории кишвараш дар рушди Афғонистон сухан гуфт ва "ҳимояти васеъи" афғонҳо аз барномаҳои ислоҳии Ашраф Ғаниро муҳим донист.
Ба гуфтаи оқои Керрӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон пешопеш тавониста равобити кишвараш бо Покистонро тармим кунад ва дар мубориза бо пулшӯӣ ва фасоди молӣ гомҳои асосӣ бардорад.
