Чорчархаронӣ: Давраи омӯзишӣ барои марзбонони афғон дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceСутвон Самеъулло Халилӣ масъули яке аз бахшҳои фаннии марзбонон дар ноҳияи Ишкошими Бадахшони Афғонистон аст.
Абдулхалили Раҳмонӣ, падари оқои Халилӣ, дар ин ягони марзбонӣ, ки дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон воқеъ аст, фаъъолият мекард.
Вай тобистони соли ҷорӣ дар даргирӣ бо мухолифони давлати феълии Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим якҷо бо се марзбони дигар ҷони худро аз даст додааст.
Самеъулло Халилӣ мегӯяд, ки баъд аз марги падар вай дар ин ягони марзбонӣ хидмат мекунад ва тасмим гирифтааст, ки дар минтақаи мавриди назар ва марзи кишвараш бо афроди ҷиноятпеша мубориза кунад.
Оқои Халилӣ ҳамроҳ бо 19 марзбони дигар аз вилояти Бадахшони Афғонистон ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, барои ширкат дар як давраи омӯзишӣ барои марзбонони афғон, сафар кардааст.
Ин давраи омӯзишӣ бо кумаки Иттиҳодияи Урупо ва Барномаи Тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид дар чорчӯби барномаи мавсум ба БОМНАФ (BOMNAF) барои тақвияти нерӯҳои марзбонии Афғонистон доир мешавад.
Бо оқои Халилӣ рӯзи чаҳоршанбеи 26 ноябр, ҳангоме ки вай ҳамроҳ бо марзбонони дигари ширкаткунанда дар ин давраи омӯзишӣ ба тамрини ронандагии чаҳорчархаҳои вижа барои марзбонон дар ҳумаи шаҳри Душанбе машғул буд, суҳбат кардам.
Вай мегӯяд, ки нахуст довталабона барои ҳимоят аз марз ба ягони марзбонӣ пайваста ва ҳоло дар ин бахш кор мекунад. Оқои Халилӣ мегӯяд, ки онҳо дар дифоъ аз марз бо таҳдидҳое барои ҷонашон рӯбарӯ ҳастанд.
Вай афзуд: "Беш аз як моҳ қабл падари ман ҳамроҳ бо се нафари дигар аз марзбонон дар даргирӣ бо мухолифони давлати Афғонистон кушта шуд."
Аммо ба гуфтаи ӯ, бо ин вуҷуд марзбонони афғон омодаанд, ки аз марзҳои кишварашон дар ин минтақаи кӯҳистонӣ дифоъ кунанд.
Давраи омӯзишии кунунӣ нахустин давра аз ин даст барои марзбонони афғон дар шаҳри Душанбе набудааст. Аммо дар давраи феълӣ, ки ду ҳафта тӯл мекашад, марзбонони афғон ронандагӣ ва таъмири чорчархаҳои вижа барои истифода дар манотиқи душворгузари кӯҳистониро меомӯзанд.
Питер Сувтерн (Peter Southern), яке аз мураббиёни ин давраи омӯзишӣ аз Бритониё, барои тамрини марзбонон ба минтақа омадааст. Вай мегӯяд, ки ҳадаф аз ин давраи омӯзишӣ ёд гирифтани наҳваи истифода аз таҷҳизоти фаннӣ барои марзбонон аст.
Вай мегӯяд: "Ҳадафи дигари ин давра омода кардани марзбонон барои мубориза бо ҷароими мухталиф, аз ҷумла қочоқи маводди мухаддир ва аслиҳа, дар марзҳои муштараки Тоҷикистону Афғонистон аст."
Барномаи байналмилалии ҳимоят аз марзбонони афғон, мавсум ба БОМНАФ, ба ҷуз аз бунёди посгоҳҳои ҷадиди марзӣ, ҳамчунин барномаҳои омӯзишӣ барои марзбонон ба хотири боло бурдани сатҳи дониши ҳирфаии онҳоро низ роҳандозӣ кардааст.
Ҷумъахони Вохонӣ, масъули умури иктишофии кумисерёи марзбонии Шуғнони Бадахшон, мегӯяд, ки ахиран посгоҳҳои марзбонон дар ин минтақа то андозае бо таҷҳизоти фаннӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Аммо ба гуфтаи вай, марзбонони афғони минтақа ҳанӯз ба кумакҳои байналмилалӣ, бавижа барои бунёди сохтмонҳо ва таъсисоти марзӣ ва таъмини маъоши афсарон ниёз доранд.
Оқои Вохонӣ ҳамчунин давраи омӯзишӣ барои марзбононро низ муҳим арзёбӣ кард ва гуфт: "Бештари ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ аз ҷумлаи марзбонони ҷавони вилояти Бадахшон ҳастанд. Ин омӯзишҳои амалӣ ва назарӣ барои марзбонон хеле муфид ҳастанд."
Ин масъули идораи марзбонии Шуғнони Афғонистон мегӯяд, ки бо боло рафтани сатҳи дониши марзбонон сатҳи муборизаи онҳо низ бо ҷароими мухталиф дар минтақа тақвият меёбад.
Оқои Вохонӣ мегӯяд, ки аксари марзбонони афғон дар минтақаҳои кӯҳистонӣ аз ҷумлаи ҷавонони маҳаллӣ будаанд. Бо ин вуҷуд, бисёре аз марзбонони афғони ҷавон аз мушкилоти зиндагии иҷтимоъӣ, аз ҷумла ночиз будани маъоши моҳиёна, шикоят кардаанд.
