Шаш омӯзгор дар шимоли ғарби Афғонистон рабуда шуд

Мақомҳои маҳаллии Бодғис дар шимоли ғарби Афғонистон мегӯянд, ки афроди мусаллаҳи ношинос шаш омӯзгорро дар ин вилоят рабудаанд.
Рабудашудагон омӯзгорони мактаби рустои Бобак дар вулусволии Қодиси ин вилоят ҳастанд.
Мирвайси Мирзаквол, сухангӯйи волии Бодғис, мегӯяд, ки ҳанӯз равшан нест рабояндагон чи касоне ҳастанд ва эҳтимолан дар бадали раҳоии ин омӯзгорон чи мехоҳанд.
Вай гуфтааст, ки ҳайъате аз маркази вилоят барои баррасии ин рӯйдод ба рустои Қодис рафтааст.
Оқои Мирзаквол гуфтааст, ки ин ҳайъат итминон дода вазъияти саломатии тамоми омӯзгорон хуб аст ва бузургони маҳал барои раҳоии онҳо талош мекунанд.
Ҳанӯз ҳеҷ фард ва ё гурӯҳе масъулияти ин рӯйдодро ба уҳда нагирифтааст.
Вилояти Бодғис дар шимоли ғарби Афғонистон ҳаммарз бо кишвари Туркманистон аст ва мухолифони мусаллаҳ дар баъзе аз вулусволиҳои ин вилоят фаъъолият доранд.
