Муҳоҷимон ба як маркази тарафи қарордоди Ноту дар шарқи Афғонистон ҳамла карданд
Image copyrightReutersМасъулони маҳаллӣ дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон аз ҳамлаи муҳоҷимони интиҳорӣ ба як пойгоҳи тадорукотии нерӯҳои Ноту ва инҳидоми таҷҳизоти мутаъаллиқ ба ин гурӯҳҳо хабар додаанд.
Аҳмадзиё Абдулзай, сухангӯйи волии Нангарҳор, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин рӯйдод рӯзи панҷшанбеи 19 июн ҳаволии соъати чаҳору ними бомдод ба вақти маҳаллӣ иттифоқ афтод, ки як гурӯҳи сенафарии муҳоҷимони интиҳорӣ бо аслиҳаи сабук ва сангин ба як маркази вобаста ба таҷҳизоти икмолотии Ноту ҳамла карданд.
Ба гуфтаи сухангӯйи волии Нангарҳор, дар ин ҳамла сиву ҳашт дастгоҳ тонкери сӯхт мунҳадим шудааст.
Ин рӯйдод дар шаҳраки марзии Турхами Нангарҳор, дар наздикии марзи Афғонистон ва Покистон рӯй доааст. Марзҳои Афғонистон бо Покистон дар ҷануб ва ҷануби шарқи Афғонистон аз ноамнтарин нуқоти марзии ду кишвар ба шумор меояд. Гурӯҳи Толибон ва дигар шӯришиён дар имтидоди ин марзҳо фаъолият ва нуфуз доранд.
Оқои Абдулзай гуфт муҳоҷимон ҷалиқаҳои интиҳорӣ доштанд ва ҳамлаи худро ибтидо бо шиллики "Калошников", мушак ва норинҷакандоз оғоз каранд.
Сухангӯйи волии Нангарҳор мегӯянд, ки барои муқобила бо муҳоҷимон, нерӯҳои пулиси миллии Афғонистон ба маҳалли рӯйдод эъзом шуданд ва ин ҳамла пас аз ҳудуди як соъату ним даргирӣ миёни муҳоҷимон ва сарбозони пулис поён ёфт.
Се ҳамлакунандаи интиҳорӣ дар ин рӯйдод кушта шуданд, аммо ба нерӯҳои амниятӣ осебе нарасидааст. Пулиси марзии Афғонистон ҳам ки дар ин амалиёт ширкат дошта, гуфтааст, ки ду нафар аз муҳоҷимон қабл аз ворид шудан ба ин маҳал дар асари шиллики маъмурони амниятӣ аз пой даромаданд, вале муҳоҷими севумӣ муваффақ шуда, ки вориди марказ шавад.
Дар ҳамин ҳол, Ҳусейни Машриқивол, фармондеҳи пулиси Нангарҳор, гуфт марказе, ки ҳадафи ҳамлаи муҳоҷимон қарор гирифта, мутаъаллиқ ба як ширкати хусусӣ аст, ки вазифаи ҳамлу нақли васоили тадорукотии нерӯҳои Нотуро ба уҳда дорад.
Ӯ гуфт, ки ин марказ зери назари муъовинати муҳофизати оммаи вазорати умури дохилаи Афғонистон қарор дошт.
Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифта ва бо ирсоли хабарномае барои расонаҳо гуфтааст, ки ҳадафи ин ҳамла як пойгоҳи низомии омрикоӣ буда, ки барои нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон таҷҳизоти низомӣ месохт.
Вилояти Нангарҳор, дар шарқи Кобул бо Покистон марзи муштарак дорад ва аз вилоятҳои нисбатан ноамни наздик ба пойтахт аст. Мухолифони мусаллаҳи давлат ҳар аз гоҳе ба ҳадафҳое дар ин вилоят ҳамла мекунанд.
Ҳамла ба тонкерҳо ва марокизи сӯхтрасонии мутаъаллиқ ба Ноту бидуни собиқа нест ва дар солҳои гузашта муҳоҷимони мусаллаҳ борҳо тонкерҳои ҳомили сӯхт барои Нотуро дар масири интиқоли сӯхт аз масири Покистон ба Афғонистон ҳадафи ҳамла қарор додаанд.
