Ҳамлаи интиҳорӣ ба маркази фармондеҳии пулис дар шарқи Кобул
Image copyrightPajhwokГурӯҳе аз муҳоҷимон субҳи имрӯз ба маркази фармондеҳии пулиси Сурубӣ дар шарқи Кобул ҳамла карданд.
Садиқ, Садиқӣ, сухангӯйи вазорати дохилаи Афғонистон, бо таъйиди ин хабар ба Би-би-сӣ гуфт муҳоҷимон се нафар буданд ва баъд аз 90 дақиқа даргирӣ тавассути пулис кушта шуданд.
Ин ҳамла соъати шашу ними бомдод ба вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваста ва ба гуфтаи мақомот акнун авзоъ "таҳти кунтрул" аст.
Ҳамла ин тавр иттифоқ афтод, ки дар ибтидо яке аз муҳоҷимон худрави бумбгузоришударо дар дарвозаи вурудии маркази фармондеҳии пулис мунфаҷир кард. Баъд аз инфиҷор ду нафари дигар, ки бурқаъ ба сар доштанд, қасд доштанд вориди сохтмони маркази фармондеҳии пулис шаванд.
Оқои Садиқӣ гуфт ин ду нафар қабл аз ин ки битавонанд вориди сохтмони маркази фармондеҳии пулис шаванд, тавассути пулис кушта шуданд.
Ба гуфтаи сухангӯйи вазорати дохилаи Афғонистон ду сарбози пулис дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд, аммо ба мардуми ғайринизомӣ осебе нарасидааст
Сохтмони фармондеҳии пулис ба далели инфиҷор хисорот дида ва масири Кобул-Ҷалолобод муддате ба хотири даргирӣ баста будааст.
Толибон дар ирсоли хабарномае вуқӯъи ин ҳодисаро таъйид карда ва гуфта ки ронанда як худрави бумбгузоришудаи худро дар дарвозаи вулусволӣ ва фармондеҳии пулис мунфаҷир карда ва сипас соири афроди ин гурӯҳ вориди сохтмони фармондеҳии пулис шудаанд.
