Ҳамлаи Толибон ба як утубуси низомӣ дар Кобул чаҳор кушта бар ҷой гузошт
Image copyrightReutersВазорати дифоъи Афғонистон гуфтааст, ки ҳади ақал чаҳор нафар дар як ҳамлаи интиҳорӣ ба нерӯҳои артиш дар шарқи шаҳри Кобул ҷони худро аз даст додаанд.
Ин ҳамла 22 нафар захмӣ низ бар ҷой гузошта, ки бештари онҳо ғайринизомӣ ҳастанд.
Ин инфиҷор ҳаволии соъати 8:30 субҳ ба вақти маҳаллӣ замоне иттифоқ афтод, ки утубуси ҳомили нафароти артиш дар як истгоҳ дар маҳаллаи "Кортаи нав" таваққуф кард. Ба гуфтаи шоҳидон фарди бумбгузор бо боз шудани дари утубус талош кард, ки вориди он шавад, аммо бо мамониат рӯ ба рӯ шуд ва сипас камарбанди интиҳории худро мунфаҷир кард.
Женерол Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъ гуфтааст дар ин инфиҷор ду низомӣ ва ду ғайринизомӣ кушта шуда ва 22 тани дигар, ки бештари онҳо ғайринизомӣ ҳастанд, захмӣ шудаанд.
Қурбониёни ғайринизомии ин рӯйдод обироне ҳастанд, ки дар замони вуқуъи инфиҷор дар маҳал мунтазири утубус ва ё раҳгузар буданд.
Толибон масъулияти ин инфиҷорро ба ӯҳда гирифтааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар паёме, ки ба расонаҳо фиристода, гуфтааст, ки омили ин инфиҷор як узви қандаҳории ин гурӯҳ будааст.
Ин инфиҷор ҳудуди дувоздаҳ соъат пас аз як ҳамлаи дигар дар Кобул рух дод. Шибҳинизомиёни Толибон нуҳ рӯз пеш низ 21 нафарро дар ҳамла ба як рестурон дар Кобул куштанд.
Дар ҳафтаҳои ахир ва дар остонаи хуруҷи низомиёни НОТУ аз Афғонистон Толибон бар ҳамалоти худ алайҳи аҳдофи давлатӣ афзудаанд.
