Мухолифони мусаллаҳ ба як масҷид дар Кобул ҳамла карданд

  • 5 Сентябр, 2013
Image caption Ҳамлакунандагон ба масҷид юнифурми пулиси Афғонистонро ба тан доштанд

Субҳи панҷшанбеи 5 сентябр ду фарди мусаллаҳ, ки юнифурми пулис бар тан доштанд, ба як масҷид дар шаҳри Кобул ҳамла карданд.

Дар хабарномаи раёсати амнияти миллии Афғонистон омадааст, ки ин афрод атбоъи Покистон буданд ва ҳадафи он ҳамла ба намозгузорон будааст.

Ин рӯйдод ҳаволии соъати чаҳору ними субҳ дар ғарби пойтахти Афғонистон рух дод.

Муҳоҷимон масҷиди Имом Ҳусейн муҷтаборо ҳадаф қарор дода буданд, ки марбут ба шиъиёнти Афғонистон аст.

Амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, ки нерӯҳои амниятӣ дар маҳалли рӯйдод машғули гашт буданд ва бо ҳамлакунандагон даргир шуданд.

Дар поёни даргирӣ ду ҳамлакунанда кушта ва се ғайринизомӣ захмӣ шуданд.

Масъулияти ин рӯйдодро то кунун касе ба уҳда нагирифтааст.

Истифода аз либоси низомиёни афғон ва ахиран корбурди нишонҳо ва юнифурми нерӯҳои НОТУ дар ҳамалоти гурӯҳии шӯришиён намунае аз шеваҳои амалиётии шӯришиён дар ҷанги Афғонистон аст, ки шиносоиидӯсту душманро барои сарбозони афғон душваор кардааст.