Ширкатҳои тарафи қарордоди НОТУ дар Афғонистон ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифтанд

  • 2 Июл, 2013

Дар ҷараёни як амалиёти интиҳорӣ ба маҳалли истиқрори ширкатҳои тарафи қарордоди НОТУ дар Афғонистон теъдоде кушта ва захмӣ шудаанд.

Бомдоди сешанбеи 2 июл ронандаи як "Вонет"-и бумбгузоришуда худрави худро дар баробари аввалин дарвозаи вурудӣ ба муҳавватаи маҳалли истиқрори ширкатҳои тарафи қарордоди нерӯҳои НОТУ дар шимоли Кобул мунфаҷир кард ва сипас байни муҳофизони ин маҳал ва теъдоде муҳоҷими мусаллаҳ низ тирандозии мутақобил рӯй дод.

Бар асоси охирин гузоришҳо дар ин ҳамла ҳафт низомӣ ва ғайринизомӣ ва ҳамчунин теъдоде аз муҳоҷимони мусаллаҳ кушта шудаанд.

Аюб Солангӣ, фармондеҳи пулиси Кобул, гуфтааст, ки инфиҷор ҳудуди соъати 4:30 дақиқаи бомдод ба вақти маҳаллӣ рӯй дод ва ҳуфраи бузургеро дар маҳалли инфиҷор эҷод кард.

Дар пайи ин инфиҷор чанд фарди мусаллаҳ ба аслиҳаи сабук ба сӯйи муҳофизони ин маҳал тирандозӣ карданд ва табодули оташ байни ду тараф барои ҳудуди ним соъат идома дошт.

Муҳоҷимони мусаллаҳ ҳам ҷалиқаи инфиҷорӣ бар тан доштанд.

Ба гуфтаи фармондеҳи пулиси Кобул, дар ин ҳодиса панҷ тан аз муҳофизони ин маҳал ва ду ғайринизомӣ ҷони худро аз даст доданд.

Гуфта мешавад, ки ду ғайринизомии кушташуда дар ин ҳодиса ронандагони ду комюни ҳомили бор барои таҳвил ба ин маҳал буданд.