Ду мушак ба муҳавватаи сафорати Омрико дар Кобул исобат кард

  • 25 Декабр, 2013
Сафорати Омрико
Image caption Сафорати Омрико дар наздики кохи раёсати ҷумҳурӣ мавқеъият дорад

Сафорати Омрико дар Кобул таъйид карда, ки ду мушак ба муҳавватаи ин сафорат фуруд омада, вале талафоте дар пай надоштааст.

Сафорати Омрико дар паёми кӯтоҳе ба Би-би-сӣ ба нақл аз сухангӯи худ навиштааст : "Ҳаволии соъати шашу чиҳили субҳ ба вақти Кобул ду гулӯла ба муҷтамаъи сафорати Иёлоти Муттаҳида исобат кард. Ҳамаи омрикоиҳо солим ҳастанд ва ҳеҷ касе захмӣ нашудааст."

Дар ин паём омада, ки сафорат ба таҳқиқот дар бораи ин "ҳамла" идома медиҳад.

Сафорати Омрико дар наздики кохи раёсати ҷумҳурӣ мавқеъият дорад ва чандин маркази низомӣ ва диплумотик аз ҷумла фармондеҳии НОТУ, вазорати дифоъ ва шуморе аз сафоратхонаҳои хориҷӣ ҳам наздики он воқеъ шудааст.

Ин дар ҳоле аст ки пештар сухангӯи пулиси Кобул гуфта буд, ки дар пайи инфиҷори ду мушаки омодаи партоб ба шаҳри Кобул дастикам се маъмури пулис захмӣ шудаанд.

Ҳашматуллоҳ Истоникзай, ба Би-би-сӣ гуфт ки бар асоси гузоришҳое, ки ба ӯ расида, маъмурони пулис дар ҳоли хунсосозии мушакҳои омодаи партоб буданд, ки дасти кам ду мушак мунфаҷир шуданд.

Оқои Истоникзай гуфт ин инфҷор, ки соъати ҳафти субҳи имрӯз (чаҳоршанбе, 25 декабр) дар маҳаллаи "Қалъаи Замонхон" дар шарқи Кобул рӯй дод, се маъмури пулисро захмӣ кард.

Image caption Ҳанӯз масъулияти ин рӯйдодро ҳеҷ фард ё гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст

Ӯ афзуд ки маъмурон муваффақ шуданд мушаки сеюмро хунсо ва як танро ҳам ба иттиҳоми талош барои партоби ин мушакҳо дастгир кунанд.

Пештар гузориш шуда буд, ки дар Кобул як бумб мунфаҷир шуда ва ду мушак ҳам ба манотиқи шарқии шаҳр исобат кардааст.

Сухангӯи пулис партоби мушакҳоро такзиб карда ва гуфтааст, ки ин мушакҳо дар маҳалле, ки омодаи партоб шуда буданд, мунфаҷир шуданд.

Ҳанӯз масъулияти ин рӯйдодро ҳеҷ фард ё гурӯҳе ба уҳда нагирифта аст.

Матолиби муртабит