12 кушта ва 35 захмӣ дар ҳамлаи интиҳории Кобул

  • 16 Май, 2013
Image caption Ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул шаш кушта ва сиву панҷ нафар захмӣ дар пай дошт

Талафоти ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул ба дувоздаҳ нафар расидааст.

Пеш аз ин пулис кушта шудани шаш ғайринизомӣ ва захмӣ шудани сиву панҷ нафарро дар ин ҳамла таъйид карда буд. Ҳоло нерӯҳои НОТУ низ аз кушта шудани шаш нафар аз аъзои Ойсоф дар ин ҳамла хабар додаанд.

Ҳуввияти ин афрод эълом нашудааст. НОТУ бо интишори як эъломия гуфта, ки ду нафар аз кушта шудагон сарбоз ва чаҳор нафари дигар кормандони ғайринизомии НОТУ будаанд.

Ин инфиҷор рӯзи панҷшанбе, 24 савр/урдубиҳишт, 16 май ҳаволии соъати ҳашти субҳ ба вақти маҳаллӣ минтақаи "Шоҳ Шаҳид" дар шарқи Кобулро такон дод.

Манобеъи пулис дар Кобул гуфтаанд, ки инфиҷор ношӣ аз як ҳамлаи интиҳорӣ ба корвоне аз нерӯҳои хориҷӣ буд, ки аз маҳал мегузашт.

Ҳашматтулоҳ Истоникзай, сухангӯи фармондеҳии пулиси Кобул ба Би-би-сӣ гуфт, ки бештари қурбониёни ин ҳамла ғайринизомиён ҳастанд.

Оқои Истоникзай гуфт, ки бар асари ин инфиҷор чанд сохтмони наздики маҳалли ҳодиса оташ гирифта буд ва тавассути оташнишонӣ кунтрул шудааст.

Сафиуллоҳ Аминзода , хабарнигори Би-би-сӣ аз маҳали ҳодиса ба нақл аз мардуми маҳал гузориш карда, ки теъдоде аз қурбониёни ин инфиҷор кӯдакон ҳастанд.

Хабарнигори Би-би-сӣ меафзояд, ки шиддати инфиҷор ба ҳадде буд, ки шишаҳои хонаҳо то чанд садметрии маҳали инфиҷор шикастааст.

Садои ожири омбӯлонсҳо фазои шаҳрро пур кард ва масъулон мегӯянд, ки ҳамаи қурбониён ба бемористон мунтақил шудаанд.

Бар асоси ин гузориш гузориш ду худрави нерӯҳои хориҷӣ, ки ҳадафи ин ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифта буд, акнун дар маҳал боқӣ монда ва яке аз ин худравҳо ба сурати комил мунҳадим шудааст.

"Бисёр шадид"

Гурӯҳе марбут ба Ҳизби исломӣ дар тамос бо Би-би-сӣ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст.

Дар 100-метрии маҳалли ҳодиса як пойгоҳи нерӯҳои НОТУ қарор дорад.

Маҳалли ҳодиса тавассути нерӯҳои амниятӣ муҳосира шуда ва ба хабарнигорон ва мардуми маҳал иҷозаи наздик шудан ба он дода намешавад . Ҳамаи кушта ва захмишудагони ҳодиса ба бемористон мунтақил шудаанд.

Яке аз сокинони маҳал ки бо Би-би-сӣ суҳбат мекард, инфиҷорро "бисёр шадид" тавсиф кард . Ӯ гуфт: "Вақте инфиҷор шуд ҳама гич шудем. Ҳуш аз сарам рафт. Дақиқан намедонам чӣ иттифоқ уфтод."

Ӯ афзуд: "Дар ҳамон замон корвони (нерӯҳои) хориҷӣ аз маҳал убур мекард."

Ин нахустин инфиҷор дар Кобул дар ҳудуди ду моҳи ахир аст. Аммо нерӯҳои Ойсоф дар Афғонистон дар кул дар як моҳи ахир шоҳиди ҳамалоти маргборе будаанд.

Аз оғози моҳи май то ҳоло ҳадди ақал понздаҳ низомии хориҷӣ дар Афғонистон дар ҳамалоти ҷудогона кушта шуданд.