Дар наздикии фурудгоҳи Кобул "инфиҷори интиҳорӣ" рӯй дод

Дар наздикии фурудгоҳи Кобул инфиҷори шадиде рӯй додааст.
Рӯзи чаҳоршанбеи 11 декабр, инфиҷори шадиде дар ҳошияи фурудгоҳи байналмилалии Кобул рӯй дод, ки ба гуфтаи манобеъи вазорати дохилаи Афғонстон натиҷаи амалиёт интиҳорӣ бо истифода аз як худрави бумбгузоришуда будааст.
Фурудгоҳи Кобул аз марокизи истиқрори нерӯҳои кумак ба амнияти Афғонистон, ОЙСОФ, аст ва бархе манобеъи хабарӣ гуфтаанд, ки ҳадаaи ин амалиёт эҳтимоли ҳамла ба як сутуни худрави мутаъаллиқ ба ин нерӯҳо будааст.
Мақарри фармондеҳии нерӯҳои муштараки ОЙСОФ низ дар ин маҷмӯъа воқеъ шуда ва аз ин маҳал башиддат ҳифозат мешавад.
Садиқ Садиқӣ, сухангӯйи вазорати дохилаи Афғонистон, гуфтааст, ки ҳудуди соъати 8:30 дақиқаи субҳи чаҳоршанбе инфиҷоре дар минтақаи Қасаба ба вуқӯъ пайваст.
Ҳанӯз ҳеҷ касе масъулияти амалиёти субҳи рӯзи чаҳоршанбеи Кобулро бар уҳда нагирифта, аммо маъмулан шӯришиёни мухолифи давлат омили ин гуна ҳамалот шинохта мешаванд.
Ҳамлаи шӯришиён ба манотиқи мухталифи Кобул бидуни собиқа набуда ва дар мавориде ба даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ ҳам мунҷар шудааст, аммо ҳамла ба маҳалли фурудгоҳ нодир будааст.
Ба гузориши хабаргузории Руйтерз, сарҳанги дувум Лодунтро Кейнлӣ, аз сухангӯёни ОЙСОФ, вуқӯъи инфиҷор дар ҷараёни "ҳамлаи ноком ба як сутуни ОЙСОФ-ро" таъйид кардааст.
Хабаргузории Фаронса ҳам ба нақл аз сухангӯёи ОЙСОФ гузориш кардааст, ки омили ин ҳамлаи интиҳорӣ муваффақ нашуд ба нерӯҳои ОЙСОФ наздик шавад ва ба низомиёни хориҷӣ осебе ворид нашуд.
Ба гуфтаи муъовини вазорати дохилаи Афғонистон, ба истиснои фард,е ки ин амалиётро ба иҷро гузошт, инфиҷори рӯзи чаҳоршанбе талафоти дигаре надоштааст.
Женерол Аюб Солангӣ, муъовини вазорати дохилаи АФғонистон, дар як матолиби твитерӣ навиштааст, ки "инфиҷор дар шимоли майдони ҳавоии Кобул соъати ҳашти субҳи имрӯз рух дод." Вай таъйид карда, ки омиили инфиҷор як худрави ҳовии маводди мунфаҷира будааст.
Женерол Солангӣ маҳалли инфиҷорро хориҷ аз муҳавватаи фурудгоҳ гузориш карда ва афзудаст, ки ин инфиҷор талафоте надоштааст.
