Сафорати Олмон дар Кобул муваққатан ба рӯйи муроҷеъин баста шуд

  • 18 Октябр, 2013
Image caption Олмон бо чаҳор ҳазор сарбоз дар Афғонистон чаҳорумин кишваре аст, ки бештарин нерӯи низомиро дар ин кишвар дорад

Давлати Олмон сафорати худро дар Кобул, пойтахти Афғонистон, бастааст.

Мақомҳои олмонӣ таъйид кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир бахше аз ин сафорат фаъъол нест.

Сафорати Олмон дар Кобул бо ирсоли паёме ба Би-би-сии форсӣ гуфтааст, ки "сафорат дар ҳоли ҳозир ба рӯйи муроҷеъини хориҷӣ бастааст."

Дар ҳамин ҳол, мақомҳои вазорати умури хориҷаи Олмон рӯзи панҷшанбеи 17 октябр ба хабаргузории Фаронса низ гуфтаанд, ки хабари баста шудани сафоарти ин кишвар дар Афғонистон ҳақиқат дорад.

Расонаҳои олмонӣ гузориш кардаанд, ки далели баста шудани сафорати Олмон дар Кобул таҳдидҳое амниятӣ будааст.

Рӯзномаи олмонии "Дойвелт" навиштааст, ки сафорати Олмон дар Кобул ба дунболи як ҳушдори "ҳамлаи теруристии исломгароён" ба тавсияи сервиси иттилоъотии Олмон баста шудааст.

Ин рӯзнома навишта, ки "тибқи иттилоъоти мо сервиси иттилоъотии Олмон батозагӣ ба вазорати умури хориҷа дар мавриди эҳтимоли ҳамлаи теруристии исломгароён дар Кобул ҳушдор додааст."

Аммо масъулони вазорати умури хориҷа ва ҳамчунин сафорати Олмон дар Кобул дар мавриди далели баста шудани сафорат ҳарфе назадаанд.

Сафорати Олмон дар ҷодаи шашуми минтақаи Вазир Акбархони Кобул аз навоҳии диплумотикнишини пойтахт ва дар наздикии раёсати ҷумҳурии Афғонистон аст.

Сохтмони ин сафорат мисли соири сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобул бо тадобири шадиди амниятӣ муҳофизат мешавад ва ҳатто тасвирбардорӣ дар атрофи он мамнӯъ аст.

Ҳарчанд ин ҳама тадобири сахти амниятӣ эҳтимоли "ҳамлаи теруристӣ" ба сафорати Олмон дар Кобулро пойин овардааст, аммо пеш аз ин собиқа дошта, ки гурӯҳҳои шӯришӣ ҳамалотеро ба сафорати кишварҳои хориҷӣ дар Кобул, аз ҷумла сафорати Омрико, созмондиҳӣ кунанд.

Олмон бо Афғонистон равобити наздики сиёсӣ дорад ва дар даҳ соли гузашта ҳузури пурранге дар таҳаввулоти Афғонистон доштааст.

Ду кишвар дар баҳори соли гузашта паймони роҳбурдӣ имзо карданд. Олмон таъаҳҳуд карда, ки пас аз хуруҷи НОТУ аз Афғонистон солона 190 милюн дулори омрикоиро ба нерӯҳои амниятии Афғонистон кумак кунад.

Олмон чаҳор ҳазор сарбоз дар Афғонистон дорад, ки бештари онҳо дар шимоли ин кишвар мустақар ҳастанд. Нерӯҳои Олмон чаҳорумин кишварест, ки бештарин нерӯи низомиро дар чаҳорчӯби нерӯҳои амниятӣ ба Афғонистон эъзом кардааст.

Олмон дар омӯзиши пулиси Афғонистон низ саҳми муҳимме дорад.

Матолиби муртабит