'Муколимаи ду раҳбари Алқоъида боъиси таътилии сафоратхонаҳои Омрико шуд'

Шунуди муколимаи ду узви аршади Алқоъида сабаб шуд, то Иёлоти Муттаҳида сафоратхонаҳояш дар шимоли Офриқо ва Ховари Миёнаро таътил кунад.
Ню-Йурк тоймз гузориш карда, ки Айман Алзавоҳирӣ, раҳбари шабакаи Алқоъида, яке аз тарафҳои ин муколимот будааст.
Ӯ қасди иҷрои амалиётеро дошта, ки ин рӯзнома мегӯяд бузургтарин амалиёти зиддиомрикоӣ ва зиддиғарбӣ аз замони ҳамалоти ёздаҳуми сентябр будааст.
Пеш аз ин Омрико эълом карда буд, ки таътилии сафоратхонаҳояш амале аз сари "эҳтиёт" будааст.
Рӯзи якшанбе бист сафоратхона ва кунсулгарии Омрико таътил буд.
Ихторе, ки Омрико барои шаҳрвандонаш ҳафтаи гузашта содир карда буд ва аз шаҳрвандонаш хоста буд ,то ба баъзе аз мақосид сафар накунанд, то охири моҳи август тамдид шудааст.
Сафоратхонаҳо ва кунсулгариҳои Омрико дар Абузабӣ, Умон, Қоҳира, Риёз, Заҳрон, Ҷидда, Дуҳа, Дубай, Кувейт, Манома, Масқат, Санъо ва Таробулус биност таътил бошанд.
Дар ду нишасти матбуъотии ҷудогона Кохи Сафед ва вазорати хориҷаи Омрико хабар доданд, ки таҳдидҳо аз нимҷазираи Арабистон будааст, аммо иттилоъи бештаре дар ин хусус надоданд.
Он тавр, ки Ню-Йурк тоймз гузориш карда, давлати Омрико ба муҳтавои муколимаи Аймани Завоҳирӣ ва Носир Алваҳишӣ, раҳбари Алқоъида дар Яман, дастрасӣ пайдо кардааст.
Бино ба ҳамин гузориш, аз ҳеҷ ҳадафи мушаххасе дар ин муколама суҳбат ба миён наомадааст, аммо муҳтавои муколама ба назари коршиносон хабар аз вуқӯъи як ҳамла медод.
Як мақоми омрикоӣ ҳам ба Ассушиэйтед пресс гуфта, ки паёми Завоҳириро чанд ҳафта пеш омрикоиҳо ба даст оварда буданд ва фикр мекарданд, ки Яман маҳалли ҳамлаи онҳо будааст.
Чанд нафар аз намояндагони Кунгреи Омрико гуфтаанд, к ин ҳамла бузург буда ва дар мароҳили охираш будааст.
