Омрико имрӯз беш аз 20 сафоратхона ва кунсулгарии худро таътил кард

Омрико имрӯз якшанбеи 4 август ба далоили амниятӣ беш аз 20 сафоратхона ва кунсулгарии худро дар Афғонистон, Ховари Миёна ва шимоли Офриқо таътил кардааст.
Давлати Омрико мегӯяд иттилоъоте дар даст дорад, ки нишон медиҳад Алқоъида ва ҳампаймононаш эҳтимолан қасди анҷоми ҳамалоте алайҳи аҳдофи ғарбӣ доранд.
Бритониё, Олмон ва Фаронса ҳам сафоратхонаҳои худро дар Санъо, пойтахти Яман барои рӯзҳои якшанбе ва душанбе таътил кардаанд.
Ба гуфтаи як сухангӯи вазорати умури хориҷаи Бритониё шуморе аз коркунони сафорати ин кишвар дар Санъо ҳам ин шаҳрро тарк кардаанд.
Робин Симкокс, аз коршиносони маҷмаъи Ҳенрӣ Ҷексун, ки таҳдидоти Алқоъидаро зери назар дорад, гуфтааст, ки дастгоҳҳои иттилоъотии Омрико муколамотеро шунуд кардаанд, ки дар ҷараёни он раҳбарони аршади Алқоъида дар бораи тарроҳии амалиёте алайҳи як сафоратхона гуфтугӯ мекарданд.
Ба гуфтаи ин коршинос мушаххас нест, ки ин тарҳ қарор аст алайҳи чӣ сафоратхонае амалӣ шавад, аммо бо таваҷҷуҳ ба ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ дар рӯзҳои ахир ба манотиқе дар Яман ва ҳамчунин фаъол будани Алқоъида дар ин кишвар, Яман аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки эҳтимоли бурузи ҳамалоти терруристӣ дар он зиёд аст.
Питер Берген, таҳлилгари амниятӣ мегӯяд, ки пештар аносури Алқоъида аз анҷоми ҳамалоте дар рӯзи 27 моҳи рамазон (якшанбеи чаҳоруми август) сухан гуфта буданд.
Оқои Берген тасмими Омрико мабнӣ бар бастани сафоратхона ва консулгарӣ дар саросари ҷаҳонро иқдоме "бесобиқа" тавсиф кард ва гуфт, ки мақомоти омрикоӣ пас аз кушта шудани 4 омрикоӣ дар кунсулгарии Омрико дар шаҳри Бенғозӣ дар Либӣ дар соли гузашта намехоҳанд, ки ин ҳодиса такрор шавад.
