Таътилии якрӯзаи шуморе аз сафоратхонаҳои Омрико аз бими 'таҳдиди амниятӣ'

Омрико шуморе аз сафоратхонаҳояшро рӯзи якшанбеи оянда ба хотири таҳдиде, ки ҷузъиёти он эълом нашуда, мебандад.
Схунгӯйи вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида мегӯяд таътилии рӯзи 4 август мумкин аст тамдид шавад.
Дафотири диплумотики Омрико рӯзҳои якшанбе таътил ҳастанд, вале бархе аз дафотири диплумотики Омрико дар кишварҳои исломӣ ба таври маъмул рӯзҳои якшанбе кор мекунанд.
Бар асоси иттилоъоте, ки дар вебсойти вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ёфт мешавад, дафотири диплумотики Омрико дар Абӯзабӣ , Бағдод ва Қоҳира аз ҷумлаи дафотире ҳастанд, ки рӯзҳои якшанбе ба таври маъмул таътил нестанд.
Яке аз сухангӯёни вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки ин дастури таътилӣ шомили ҳамаи сафоратхонаҳо ва кунсулгариҳои ин кишвар дар ҷаҳон мешавад.
Сафоратхонаҳо ва кунсулгариҳои Омрико дар сартосари ҷаҳон пеш аз ин низ борҳо ҳадафи таҳдид ва ҳамла қарор гирифтаанд.
Як мақоми аршад дар вазорати умури хориҷаи Омрико дар ин бора ба Би-би-сӣ гуфтааст: "Мо ба ҳамаи сафоратхонаҳо ва кунсулгариҳои Омрико, ки ба таври оддӣ дар рӯзи якшанбе кор мекунанд, дастур додаем, ки фаъъолияти худро мушаххасан дар рӯзи 4 август муттаваққиф кунанд."
Сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида гуфтааст эҳтимол дорад ин таътилӣ тамдид шавад.
Ба гуфтаи ӯ, Вошингтун "дар ҷараёни иттилоъоте қарор гирифта", ки мояи "нигаронии фаровон" ва мунҷар ба ин "иқдомоти эҳтиётӣ" шудааст.
Соли гузашта дар рӯзи 11 сентябр ба кунсулгарии Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Бенғозии Либӣ ҳамла шуд ва 4 омрикоӣ дар ҷараёни он кушта шуданд. Сафири Омрико дар Либӣ низ дар миёни ин кушташудагон буд.
