Эътирози гурӯҳе аз сокинони Душанбе ба озодии Абдуллоҷонов

  • 5 Апрел, 2013

Рӯзи ҷумъа 5-уми январ даҳҳо нафар нахуст дар наздикии бинои СММ ва сипас дар наздикии сафорати Омрико дар шаҳри Душанбе гирди ҳам омаданд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки тазоҳуркунандагон дар шиъорҳои худ аз Омрико тақозои баргардонидани Абдумалик Абдуллоҷонов, паноҳандаи сиёсии Тоҷикистон дар Омрикоро кардаанд.

Намояндагиҳои диплумотики Иёлоти муттаҳидаи Омрико дар шаҳри Душанбе аз изҳори назар дар ин бора худдори мекунанд.

Муътаризон дар даст аз ҷумла шиъорҳои “Пули ба сирқатрафати Абдуллоҷоновро баргардонед!”, "Башардӯстӣ ва адолати омрикои куҷост?” ва“То кай Иёлоти Муттаҳида хоини миллати тоҷикро пинҳон мекунад?” доштанд.

Ҳудуди як соъат пас аз таҷаммуъи ин муътаризон кормандони амниятӣ ва пулис ба маҳали таҷаммуъ ҳозир шуда ва тазоҳуркунандагонро пароканда карданд.