Таътилии сафоратхонаҳои Омрико тамдид шуд

Омрико эълом кардааст 19 сафоратхона ва кунсулгариаш дар кишварҳои минтақаи Ховари Миёна ва Офриқо ҳамчунон то шанбеи оянда таътил хоҳанд буд.
Бино бар баёнияи вазоратхонаи умури хориҷаи Омрико, ин иқдом ба далоили амниятӣ ва низ ба хотири таътилоти иди Фитр дар поёни моҳи рамазон анҷом мешавад.
Пештар Омрико беш аз 20 сафоратхона ва кунсулгариашро дар рӯзи якшанбе (4 август) таътил карда буд.
Аммо бар асоси тасмими ҷадид, 19 сафоратхона ва кунсулгарӣ, аз ҷумла дар Абӯзабӣ, Умон, Қоҳира, Риёз, Ҷидда, Дуҳа, Дубай, Кувейт, Манома, Санъо ва Таробулус то рӯзи шанбе (10 август) баста хоҳанд буд.
Ин дар ҳолест, ки 9 маркази диплумотики Омрико, аз ҷумла дар Кобул, Мазори Шариф, Ҳирот, Арбил, Бағдод ва Басра аз рӯзи душанбеи 5 август фаъъолияти худро аз сар мегиранд.
Давлати Омрико мегӯяд иттилоъоте дар даст дорад, ки нишон медиҳад Алқоъида ва ҳампаймононаш эҳтимолан қасди анҷоми ҳамалоте алайҳи аҳдофи ғарбӣ доранд.
Бритониё, Олмон ва Фаронса ҳам сафоратхонаҳои худро дар Санъо, пойтахти Яман, барои рӯзҳои якшанбе ва душанбе таътил кардаанд.
Ба гуфтаи як сухангӯи вазорати умури хориҷаи Бритониё, шуморе аз коркунони сафорати ин кишвар дар Санъо ҳам ин шаҳрро тарк кардаанд.
Робин Симкокс, аз коршиносони маҷмаъи Ҳенрӣ Ҷексун, ки таҳдидоти Алқоъидаро зери назар дорад, гуфтааст, ки дастгоҳҳои иттилоъотии Омрико муколамотеро шунуд кардаанд, ки дар ҷараёни он раҳбарони аршади Алқоъида дар бораи тарроҳии амалиёте алайҳи як сафоратхона гуфтугӯ мекарданд.
Ба гуфтаи ин коршинос мушаххас нест, ки ин тарҳ қарор аст алайҳи чӣ сафоратхонае амалӣ шавад, аммо бо таваҷҷуҳ ба ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ дар рӯзҳои ахир ба манотиқе дар Яман ва ҳамчунин фаъол будани Алқоъида дар ин кишвар, Яман аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки эҳтимоли бурузи ҳамалоти терруристӣ дар он зиёд аст.
