Инфиҷор дар вурудии додгоҳи олии Афғонистон 17 кушта ва 47 захмӣ бар ҷой гузошт

  • 11 Июн, 2013
Image caption Гурӯҳи Толибон бо ирсоли номае ба расонаҳо масъулияти ҳамла ба Додгоҳи олиро ба уҳда гирифтааст

Як мақоми пулиси Кобул гуфта, ки инфиҷори интиҳорӣ дар яке аз вурудиҳои Додгоҳи олии Афғонистон ҳафдаҳ кушта ва 47 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Руҳуллоҳ, мудири таҳқиқоти умури ҷиноӣ дар ҳавзаи нуҳуми амниятии Кобул ба Би-би-сӣ гуфт, ки фарди бумбгузор худрави ҳомили худро дар наздики як утубуси ҳомили кормандони Додгоҳи олӣ мунфаҷир кард.

Ӯ мегӯяд, ки дар ин рӯйдод ҳафдаҳ нафар ба шумули ду зан кушта шуданд ва 47 нафар ба шумули ҳашт зан захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи ӯ ин инфиҷор замоне рӯй дод, ки кормандони Додгоҳи олӣ дар ҳоли тарки маҳалли кори худ ва савор шудан бар утумубили ҳомили кормандон буданд.

Ин мақоми пулис гуфт, ки дар ҳоли ҳозир маҳалли рӯйдод тавассути нерӯи пулис муҳосира шуда ва таҳқиқот барои баррасии он идома дорад.

Аммо Канишко Туркистонӣ, сухангӯи вазорати сиҳҳати Афғонистон гуфтааст дар ин инфиҷор 9 нафар кушта ва 24 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Тасовире, ки телевизиюнҳои маҳаллӣ пахш кардаанд, омбулонсҳоро дар ҳоли интиқоли маҷруҳон нишон додааст.

Як шоҳиди айнӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин инфиҷор дар муқобили яке аз вурудиҳои Додгоҳи олӣ рӯй додааст, ки вижаи кормандони Додгоҳи олӣ аст ва ба рӯйи муроҷеъини оддӣ баста аст.

Нерӯҳои Ойсоф (ISAF) дар Твитари худ навиштаанд, ки инфиҷор дар поркинги марбут ба Додгоҳи олӣ рӯй додааст.

Маҳалли инфиҷор дар маҳаллаи микрурайони сеюм мавқеъият дорад, ки бо сафоратхонаҳои Омрико ва вазорати сиҳҳати Афғонистон фосилаи каме дорад.

Бемористони сардор Довудхон, ки бемористони вижаи артиш аст, низ дар наздикии сохмтони Додгоҳи олӣ аст ва ҷодае, ки арк ва сафорати Омрикоро ба фурудгоҳи Кобул васл мекунад, аз ҷилави Додгоҳи олӣ мегузарад.

Гурӯҳи Толибон бо ирсоли номае ба расонаҳо масъулияти ҳамла ба Додгоҳи олиро ба уҳда гирифтааст.

Толибон дар ин нома гуфтаанд, ки онҳо чаҳор утубуси ҳомили маъмурони Додгоҳи олӣ ва шаш худрави марбут ба қуззоти олиро ҳадаф қарор додааст.

Толибон дар ин номаи хабарӣ Додгоҳи олии Афғонистонро ҳастаи фосид ва тавҷеҳгари куфр хондаанд.

Дар бахше аз номаи онҳо омадааст: "Додгоҳи олии Афғонистон дар ба коргирии зулм ва бархурди бад бо мардуми Афғонистон ва ҳамчунин муҷаввиз додан ба куфр нақши муҳиме дорад. Гурӯҳи Толибон гуфтааст саранҷом маҷбур шуданд, ки барои аз миён бардоштани ин ҳастаи фосид иқдом кунад."

Матолиби муртабит