Даргирӣ дар фурудгоҳи Кобул поён ёфт

Мақомҳои пулиси Кобул гуфтаанд, бо кушта шудани ҳафт муҳоҷими интиҳорӣ даргирӣ дар наздики фурудгоҳи Кобул поён ёфтааст.
Женерол Абдулзоҳир, раиси таҳқиқоти ҷинойии пулиси Кобул ба Би-би-сии форсӣ гуфт: “Гурӯҳе аз муҳоҷимоне, ки бо силоҳҳои мухталиф мусаллаҳ буданд, дар шимоли фурудгоҳи Кобул дар як маҳали маскунӣ ҷо ба ҷо шуданд. Мехостанд фурудгоҳро таҳдид кунанд. Хушбахтона, дар асари суръати амали воҳидҳои хоси мо аз по даромаданд.”
Ӯ гуфт, ки муҳоҷимон бар асари шиллики нерӯҳои вижаи пулис кушта шуданд, аммо женерол Аюб Солангӣ, фармондеҳи пулиси Кобул гуфтааст, ду тан аз муҳоҷимон муваффақ шуданд, ки бумби интиҳории худро мунфаҷир кунанд ва бақия тавассути пулис кушта шуданд.
Муҳоҷимон бо як худрави мамлӯ аз маводи мунфаҷира ба маҳали мавриди назар омаданд ва бо оғози ҳамалоти онҳо нерӯҳои вижаи пулис ин маҳалро муҳосира карданд ва роҳҳои мунтаҳӣ ба ду сохтмони таҳти кунтрули муҳоҷимонро бастанд.
Дар оғози даргирӣ чанд инфиҷор шунида шуд ва ин даргирӣ байни пулис ва муҳоҷимон бо шиллик ба василаҳои хунпораандоз ва силоҳҳои худкор идома ёфт. Ба гуфтаи фармондеҳи пулис, ин даргирӣ ҳудуди 3 соъат тӯл кашид.
Женерол Абдулзоҳир гуфт, ки дар ҷараёни ин даргирӣ 2 ғайринизомӣ ба сурати сатҳӣ захмӣ шуда ва ҳеч касе кушта нашудааст.
Аммо Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи Гурӯҳи Толибон дар паёме, ки ба расонаҳои фиристода, навишта, ки шуморе аз низомиёни омрикоӣ дар фурудгоҳи Кобул кушта шуданд ва бархе аз таъсисоти ин фурудгоҳ ҳам осеб дидааст, аммо женерол Абдулзоҳир ин иддаъоро такзиб кард.
Женерол Абдулзоҳир ба Би-би-сӣ гуфт, ҳамлаи муҳоҷимон бидуни кумаки нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Кобул ба василаи нерӯҳои вижаи пулис муҳор шуд.
Ба дунболи ин даргирӣ ҳеликоптарҳои НОТУ бар фарози маҳали даргирӣ ба парвоз даромаданд ва роҳҳои мунтаҳӣ ба пойгоҳҳои НОТУ ҳам масдуд шуд.
Ин ҳамла танҳо чанд соъат пас аз суханронии Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар кунфаронси “Омрико ва ҷаҳони ислом” дар Дуҳа, пойтахти Қатар сурат гирифтааст.
Оқои Карзай дар ин кунфаронс гуфта, ки ҷанги Омрико бо террурисм боиси тақвияти ифротгаройӣ дар ҷаҳони ислом шуда ва Омрико бояд тавзеҳ диҳад, ки натоиҷи ҷанге, ки дар минтақа ба роҳ андохта, чи аст.
Мусолиҳа бо шӯришиён ҳам аз мавзӯъҳоест, ки қарор аст, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар ин сафар бо мақомҳои қатарӣ дар миён бигзорад.
Пеш аз ин давлати Афғонистон мувофиқат кардааст, ки дафтаре барои Гурӯҳи Толибон дар Қатар гушода шавад. Гуфта мешавад, сафари ахири намояндагони Гурӯҳи Толибон ба Эрон ҳам аз тариқи ҳамин дафтар барномарезӣ шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси як хабар дигар, дар ҳамлаи муҳоҷимони интиҳорӣ ба як маркази сабти номи ройдиҳандагон дар маркази вилояти Зобул 17 нафар, аз ҷумла, як узви Шӯрои вилоятии Зобул ва чор пулис захмӣ шудаанд.
Муъовини волии Зобул гуфтааст, даргирӣ миёни муҳоҷимон ва пулис пас аз кушта шудани 7 муҳоҷим поён ёфтааст.
