Ду инфиҷор дар Афғонистон ҷони 17 нафарро гирифт

Бино ба гузориши пулиси Пактиё, дар шарқи Афғонистон бар асари инфиҷоре дар шаҳраки Чамкании ин вилоят 10 ғайринизомӣ кушта шуда ва 10 тани дигар захмӣ шудаанд.
Аз ҷумлаи кушташудагон, 9 нафар донишомӯз ва як пулиси маҳаллӣ будааст.
Гуфта мешавад, фарди бамбгузор мутурсиклисти бамбгузоришударо замоне мунфаҷир кардааст, ки як корвони низомиёни омрикоӣ ва нерӯҳои амниятӣ дар маҳали рӯйдод таваққуф карда буданд.
Шоҳидон гуфтаанд, дар замони вуқӯъи ин инфиҷор донишомӯзон дар ҳоли бозгашт ба хонаҳои худ будаанд. Ба ҳамин далел, шуморе аз онҳо кушта ва захмӣ шудаанд.
Гузоришҳо аз Пактиё ҳокист, ки ду сарбози омрикоӣ низ дар ин инфиҷор захмӣ шудаанд. Аммо НОТУ аз кушта шудани танҳо 10 донишомӯз хабар додааст.
Ҳанӯз масъулияти ин инфиҷорро ҳеч гурӯҳе ба дӯш нагирифтааст.
Аз сӯйи дигар, Вазорати умури дохилаи Афғонистон эълом карда, ки бар асари инфиҷори бамби канори ҷодаӣ дар вилояти Лағмон, дар шарқи ин кишвар низ 7 ғайринизомӣ, ки 5 нафарашон зан буданд, кушта шуданд. Ҳамчунин, бар асари инфиҷор ду ғайринизомии дигар захм бардоштаанд.
Ин вазорат гуфтааст, худрави ҳомили ин ғайринизомиён бомдоди душанбеи 3 июн ба бумбе, ки ба тозагӣ аз ҷониби шӯришиёни Толибон коргузорӣ шуда буд, бархурд кардааст.
Нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи террурисм дар Афғонистон низ дар баёнияи ҷудогона гуфтааст, ин рӯйдод чанд рӯз пеш аз оғози амалиёти низомии нерӯҳои афғон барои поксозии минтақа аз вуҷуди шӯришиён рӯй додааст.
НОТУ гуфтааст, ахиран фаъолияти шӯришиён дар вилояти Лағмон афзоиш ёфта ва умдатан ғайринизомиёнро ҳадаф қарор медиҳанд. Гурӯҳи Толибон то ҳол дар ин маврид ибрози назаре накардааст.
