Даргирии марзии Афғонистон ва Покистон як кушта барҷой гузошт

Даргирии миёни нерӯҳои амниятии афғон ва Покистон дар вулусволии Гӯштаи вилояти Нангарҳор дар шарқи ин кишвар боъиси кушта шудани як пулиси марзии афғон ва захмӣ шудани се нафари онон шуд.
Аҳмадзиё Абдулзай, сухангӯйи волии вилояти Нангарҳор, бо таъйиди ин хабар ба Би-би-сӣ гуфт, ки омили оғози ин даргирӣ то кунун мушаххас нашуда ва як ҳайъат ба раёсати муъовини волии вилояти Нангарҳор барои баррасии ин воқеъа ба минтақа эъзом шудааст.
Мақомоти афғон дар ин вилоят ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфтаанд, ки нерӯҳои амниятии афғон дар ин даргирӣ муваффақ шуданд кунтрули пусти (посгоҳи) бозрасии марзӣ ва таъсисоти амниятии эҷодшуда тавассути нерӯҳои покистониро дар даст бигиранд.
Авзоъи ин минтақа акнун ором гузориш шудааст.
Дар бораи теъдоди талафоти нерӯҳои Покистон омори дақиқ дар даст нест, вале бархе расонаҳо гузориш додаанд, ки ду сарбози покистонӣ дар ин даргирӣ захмӣ шудаанд.
Бо интишори гузоришҳое дар бораи сохтани посгоҳи бозрасии марзӣ ва таъсисоти низомӣ дар вулусволии Гӯшта тавассути покистониҳо равобити ду кишвар беш аз пеш тира шудааст.
Чанд рӯз қабл вазорати дифоъи Афғонистон сохтани ин посгоҳи марзиро муғойири тавофуқот ва таъаҳҳудоти байналмилалӣ дониста ва ҳушдор дода буд, ки барои бардоштани таъсисоти Покистон тамоми гузинаҳоро рӯйи даст дорад.
Покистон мегӯяд, ки сохти таъсисот дар минтақаи Гӯштаи вилояти Нангарҳор пас аз гуфтугӯ бо мақомҳои низомие , ки ба Исломобод сафар карда буданд, ҳал шудааст, аммо мақомҳои афғон ин изҳоротро рад мекунанд.
Абдулкарими Хуррам, раиси дафтари раиси ҷумҳурии Афғонистон, низ дар рӯзҳои гузашта гуфта буд, ки НОТУ таъсисоти низомӣ дар минтақаи марзиро ба нерӯҳои Покистон вогузор кардааст.
Раиси дафтари Карзай гуфт: "Замоне, ки нерӯҳои ISAF ва ээътилоф ба Афғонистон омаданд, ин пустҳо (посгоҳҳо) ва марокизро ишғол карданд ва замоне ки ин марокизро тарк карданд заминасозӣ карданд, ки нерӯҳои покистонӣ ин марокизро ишғол кунанд."
Сухангӯйи НОТУ дар Кобул дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт: "Барои посух додан ба ин пурсиш мо ниёз дорем, ки ҷузъиёти онро дошта бошем, ки ин ҳодиса дар куҷо иттифоқ афтодааст. ҳар қадар зуд, ки мо ин маълумотро дарёфт кунем, онро бадиққат баррасӣ хоҳем кард, аммо дар ҳоли ҳозир барои ман зуд аст, ки дар ин замина ибрози назар кунам."
