Сенздаҳ "қиёмкунанда алайҳи Толибон" дар вилояти Ғазнӣ кушта шуданд
Муъовини волии Ғазнӣ дар ҷануби Афғонистон таъйид кард, ки Толибон 13 қиёмкунандаи маҳаллӣ алайҳи Толибонро, ки аз онон ба номи "пулиси хезиш" ёд мешавад, шаби гузашта дар вулусволии Андари ин вилоят куштаанд.
Муҳаммадалӣ Аҳмадӣ ба Би-би-сӣ гуфт: "Ин афрод дар минтақаи Кандайир, ки нуқтаи талофии миёни нерӯҳои Толибон ва нерӯҳои давлатӣ мебошад, кушта ва тамоми аслиҳа ва худрави онон низ тавассути Толибон ба яғмо рафтааст."
Ӯ афзуд, ки тамомии ин афрод ба зарби гулӯла ҷон додаанд ва ба назар мерасад, ки нуфузи тарафдорони Толибон дар миёни ин нерӯҳо боъиси ғофилгирӣ ва марги онон шуда бошад.
Оқои Аҳмадӣ адами ҳамоҳангии миёни нерӯҳои пулиси маҳаллӣ ва хезишро дар ин минтақа яке аз чолишҳо хонд ва тасреҳ кард, ки иттилоъоти аввалия нишон медиҳад, ки мумкин аст Толибон ба манзури дастёбӣ ба муҳимот, аслиҳа ва худрави ин нерӯҳо даст ба ҳамла зада бошад.
Ҳудуди як сол қабл даҳҳо тан аз сокинони бархе вулусволиҳои вилояти Ғазнӣ, барои бозгушоии макотиб ва фаъъолиятҳои иҷтимоъӣ, алайҳи Толибон иқдоми мусаллаҳона карданд ва ононро аз манотиқашон берун ронданд.
Ба ин гурӯҳ аз мухолифони Толибон унвони "қиёмкунанда" дода шуда ва иқдоми онон, ки дар навъи худ бесобиқа буд, бо истиқболи гарми мақомҳои давлати Афғонистон мувоҷеҳ шуд.
Гуфта мешавад, ки қиёмкунандагон аз ҳимояти мақомҳои давлатӣ бархӯрдор буданд, вале ин афрод иртибот бо давлати марказиро рад карданд ва гуфтанд, ки иқдоми онон ҳаракате "худҷӯш" будааст.
Теъдоде аз ин афрод қабл аз қиём узви нерӯҳои мухолифи давлати Афғонистон ва бахусус гурӯҳи Толибон буданд.
