"Тавофуқи сулҳ бо Толибон зарурист"

Як гурӯҳ аз намояндагони порлумони Бритониё дар гузорише эълом кардаанд, оғози як тавофуқи сулҳ бо Толибон барои тазмини ояндаи Афғонистон баъд аз хуруҷи сарбозони Бритониё аз ин кишвар зарурист.
Кумитаи Мунтахаби Дифоъӣ ҳушдор дода, ки нокомӣ дар расидан ба ин тавофуқ метавонад ба ҷанги дохилӣ дар Афғонистон мунҷар шавад.
Ба гуфтаи ин намояндагон Бритониё баъд аз соли 2014 ва хуруҷи сарбозонаш бояд барои беҳбуди шароити Афғонистон аз нуфузи худ истифода кунад.
Филип Ҳамунд, вазири дифоъи Бритониё, гуфт Бритониё барои расидани Афғонистон ба "тавофуқи пойдори сиёсӣ" кумак мекунад.
Гузориши ин намояндагон бар хуруҷи сарбозони Бритониёӣ аз Афғонистон дар проёни соли 2014 ва таҳвили масъулиятҳо ба нерӯҳои амниятии афғон мутамаркиз аст.
Хостаҳои ин кумита, ки дар гузориши онҳо мунташир шуда, ба шарҳи зер аст:
"Таноқузи фоҳиш"
Ҷеймз Орбаснут, дабири ин кумита, мегӯяд пешбиниҳое, ки дар бораи чашмандози Афғонистони баъд аз соли 2014 дарёфт кардаанд, башиддат мутаноқизанд.
Ба гуфтаи ӯ "нуфузи Бритониё маҳдуд аст ва ин бар уҳдаи худи мардуми Афғонистон аст, ки сарнавишт ва ояндаашонро таъйин кунанд."
Оқои Орбаснут афзуда "бо ин ҳама Бритониё ва шуракои байналмилалиаш бояд ба мардуми Афғонистон нишон диҳанд, ки пойи таъаҳҳудоташон хоҳанд монд ва камокон аз талошҳои онҳо ҳимоят хоҳанд кард."
Кумитаи Мунтахаби Дифоъӣ мегӯяд иттилоъоти бисёр каме дар бораи нақши вазорати дифоъ ва вазорати умури хориҷаи Бритониё дар Афғонистони пас аз соли 2014 дарёфт кардааст.
"Шароити пойдор"
Дар ҳоли ҳозир 9 ҳазор сарбози бритониёӣ дар Афғонистон мустақаранд, ки теъдодашон то поёни соли мелодии ҷорӣ ба 5200 нафар коҳиш пайдо мекунад.
Кумитаи Мунтахаби Дифоъии Бритониё аз давлат хоста барномаҳо ва ҳазинаҳои худро барои хуруҷ аз Афғонистон бо тамоми ҷузъиёт дар ихтиёри аъзо қарор диҳад, то аз амнияти аъзои артиш итминон ҳосил шавад.
Филип Ҳамунд, вазири дифои Бритониё, гуфтааст аз интишори ин гузориш истиқбол мекунад ва гуфта ин вазоратхона бо ин гузориш дар бораи "ояндаи Афғонистоне, ки қодир ба таъмини амнияти худ бошад ва ҳаргиз паноҳгоҳе барои теруристҳо табдил нашавад, иттифоқи назар дорад."
Ба гуфтаи оқои Ҳамунд ин ки нерӯҳо амниятии афғон дар ҳоли ҳозир "раҳбарии беш аз 80 дарсади тамоми амалиёти амниятӣ дар кишварро бар уҳда доранд, нишон медиҳад, ки бахубӣ дар масири дастёбӣ ба ин ҳадаф қарор гирифтаанд."
Оқои Ҳамунд афзудааст: "Бритониё худро мутаъаҳҳид медонад, ки барои расидани давлати Афғонистон ба тавофуқи сиёсии пойдор ва фазои босуботи минтақаӣ ба ин кишвар кумак кунад."
Ба гуфтаи вазири дифоъи Бритониё, ин кишвар ба ҳимоят аз давлат ва тавсеъа дар Афғонистон то даҳаи оянда идома медиҳад ва то соли 2017 солона 272 милюн дулор барои итминон аз пешрафт дар Афғонистон ҳазина хоҳад кард.
