Ҳафт пулиси афғон дар ҳамлаи интиҳории "гурӯҳӣ" дар Нангарҳор кушта шуданд

  • 26 Март, 2013
ҳамла ба мақари нерӯҳои вокуниши сареъ дар Нангарҳор
Image caption Муҳоҷимони интиҳорӣ мақари нерӯҳои вокуниши сареъро ҳадафи ҳамла қарор доданд

Ҳафт маъмури пулиси афғон дар ҳамлаи дастҷамъии муҳоҷимони интиҳорӣ ба як мақари фармонеҳии нерӯҳои вокуниши сареъи пулис дар шарқи кишвар ҷони худро аз даст додаанд.

Рӯзи сешанбеи 6 фарвардин/ҳамал (26 март) Ҳазратҳусайн Машриқивол, масъули матбуъотии пулиси вилояти Нангарҳор бо таъйиди ин хабар ба Би-би-сӣ гуфт: "Ҳафт ҳамлакунандаи интиҳорӣ соъати 4:40 дақиқаи бомдод ба мақари нерӯҳҳои вокуниши сареъ ҳамла карданд."

Бар асоси ин гузориш яке аз муҳоҷимони интиҳорӣ худрави худро, ки ҳомили маводи мунфаҷира буд, дар муқобили дари вурудии фармондеҳии пулис мунфаҷир кард ва баъд аз ин инфиҷор соири муҳоҷимон, ки гуфта мешавад ҷалиқаи интиҳорӣ бар тан доштанд ва мусаллаҳ буданд, дар садади вуруд ба ин мақар баромаданд.

Бар асоси изҳороти пулиси Ҷалолобод ин афрод либосҳои нерӯҳои хориҷии мустақар дар Афғонистонро ба тан доштанд.

Масъули матбуъотии пулиси Нангарҳор гуфтааст, ки дар даргирии байни муҳоҷимон бо маъмурони пулис се тан аз муҳоҷимон дар беруни сохтмон аз пой дароманданд, вале се нафари дигар муваффақ ба вуруд ба мақари пулис шуданд, ки дар дохили сохтмон кушта шуданд ва дар ин даргирӣ чаҳор маъмури пулис ҳам захмӣ шуданд.

Шоҳидони айнӣ низ ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки даргирии байни муҳоҷимон ва маъмурони пулис дар ҳудуди ним соъат идома дошт ва пас аз он ҳам маъмурони амниятӣ роҳҳои мунтаҳӣ ба мақари фармондеҳии пулисро ба рӯйи тарофик бастанд.

Image caption Маъмурони амниятӣ масирҳои мунтаҳӣ ба маҳалли ҳамларо ба рӯйи тарофик бастанд

Мақомоти бемористон дар шаҳрҳои Ҷалолобод дар гуфтугӯ бо хабарнигори Би-би-сӣ теъдоди захмиҳоро 15 нафар эълом карда ва гуфтаанд, ки ҳафт пулис ва ҳашт ғайринизомӣ дар миёни захмиҳо ҳастанд.

Дар пайи вуқуъи ин ҳамла Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар тамос бо хабаргузориҳо гуфт, ки Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда мегирад. Вай изҳор дошт, ки ин ҳамла "талафоти сангинеро" бар тарафи муқобил ворид кардааст.

Ҳамчунин ба гузориши хабаргузории Фаронса сухангӯи Толибон афзудааст, ки ҳадафи ин амалиёт "хориҷиён ва мураббиёни исроилӣ", буданд, ки маъмурияти омӯзиши нерӯҳои пулиси Афғонистонро дар Ҷалолобод бар уҳда доранд.

Ин нахустин бор дар моҳҳои ахир нест, ки марокизи амниятии Ҷалолобод ҳадафи ҳамла қарор мегирад.

Дар моҳи декабр афроди муҳоҷим ба як посгоҳи ҳавоии муштараки афғон – омрикоӣ дар Ҷалолобод ҳамла карданд ва чаҳор сарбози афғонро куштанд ва нуҳ тан аз низомиёни НОТУро захмӣ карданд.

Ҳамлаи рӯзи сешанбе дар ҳоле оғоз мешавад, ки нерӯҳои амниятии афғон ва низомиёни хориҷии эъзомӣ ба ин кишвар худро барои оғози амалиёти баҳории шӯришиёни мусаллаҳ омода мекунанд.

Матолиби муртабит