13 низомии афғон дар вилояти Кунар кушта шуданд
Дар як ҳамлаи пайкорҷӯён дар вилояти Кунар дар шарқи Афғонистон 13 нафар аз нерӯҳои давлат кушта шудаанд.
Гуфта мешавад ин ҳамла дар як посгоҳи марзии дуруфтода дар марзи Покистон сурат гирифтааст.
Манобеъи низомии афғон Толибонро масъули анҷоми ин ҳамла хондаанд.
