Афғонистон аз Покистон хост Толибонро пушти мизи музокира ҳозир кунад

  • 25 Апрел, 2013

Афғонистон аз Покистон хост, то шуморе аз аъзои мушаххаси Толибонро барои гуфтугӯ бо давлати Афғонистон пушти мизи музокира ҳозир кунад

Як манбаъ дар давлат Афғонистон, ки нахост номаш фош шавад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин дархост дар ҷараёни нишасти сеҷонибаи Афғонистон, Покистон ва Омрико дар Бруксел , пойтахти Белжик, анҷом шуд.

Дар ин нишаст, ки се соъат давом дошт, Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, женерол Ашфоқ Киёнӣ, фармондеҳи кулли артиши Покистон ва Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, ширкат доштанд.

Ин манбаъ ҳамчунин афзуда, ки ҳайъати Афғонистон ин бор бо "лаҳни бисёр ҷиддӣ" ба Покистон гуфтааст, ки агар то як замони муъайян дархостҳои онҳо аз сӯйи Покистон пазируфта нашавад, Афғонистон дигар бо Покистон нишасти муштарак баргузор нахоҳад кард.

Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, дар поёни ин нишаст гуфт пешрафтҳо дар музокироти миёни Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон ва женерол Ашфоқ Киёнӣ, фармондеҳи кулли артиши Покистон, ба даст омадааст.

Оқои Керӣ бидуни ироаи ҷузъиёти бештар гуфт: "Ҳар ду тараф ҳанӯз корҳои зиёде барои анҷом додан дар пеш доранд. Намехоҳам интизороти зиёде эҷод шавад ё ваъдаҳое дода шавад, ки баъдан амалӣ нашаванд."

Оқои Карзай ва женерол Киёнӣ дар поёни нишаст изҳори назаре накарданд, аммо оқои Керӣ гуфт: "Ҳар се ҷониб тавофуқ кардем гуфтугӯҳое бисёр мушаххасеро дар ростои масоили сиёсӣ ва амниятӣ идома диҳем."

Раҳбарони Афғонистон ва Покистон дар моҳи феврали имсол дар Ландан низ бо ҳам дидор карданд ва дар поёни нишаст гуфтанд: "Талош хоҳанд кард то шаш моҳи оянда дар Афғонистон тавофуқи сулҳ ба даст ояд."

Аммо дар ду моҳи гузашта равобити миёни Афғонистон ва Покистон нисбат ба гузашта сард шудааст.

Афғонистон дар эътироз ба "рокетпаронии Покистон ба Афғонистон" сафари як ҳайъати низомии худ ба Покистонро лағв кард.

Ҳамчунин сухангӯйи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки адами ҳамкории Покистон бо раванди сулҳ дар даҳ соли гузашта боъис шуда, ки талошҳои сулҳи Афғонистон бо гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ ба натиҷае нарасад.

Ба назари изҳороти куллӣ ва мубҳами вазири хориҷаи Омрико дар поёни нишасти Бруксел, метавонад нишонаи он бошад, ки ду тараф ба тавофуқи чандон муҳимме даст наёфтаанд.

Матолиби муртабит