Вазири молияи Афғонистон: Теъдоде аз намояндагони маҷлис дар қочоқ даст доранд

  • 7 Май, 2013

Умар Зохилвол, вазири молияи Афғонистон, гуфтааст, ки як ҳалқаи кӯчак дар порлумони Афғонистон дар қочоқи маводди мухаддир ва қочоқи шароб даст доранд.

Оқои Зохилвол ба расонаҳо дар Кобул гуфт, ки ин гурӯҳи кӯчак қабл аз кунфронси Тукию дар садади тахриби ӯ будааст ва акнун, ки қарор аст нишасте барои арзёбии кунфронси Тукию баргузор шавад, дар садади истизоҳи ӯ баромадаанд.

Кунфронси ҳомиёни Афғонистониюни соли 2012 дар шаҳри Тукию дар Жопун баргузор шуд, ширкаткунандагон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ бар сари пардохти 16 милёрд дулор барои чаҳор соли оянда барои Афғонистон тавофуқ карданд.

Вазири молияи Афғонистон иддаъо кард, ки ин афрод аз ӯ хостаанд, ки имзоҳоеро, ки барои истизоҳи вай ҷамъоварӣ шудааст, аз намояндагон харидорӣ кунад.

Ба гуфтаи оқои Зохилвол, ин гурӯҳ аз аз намояндагон "фишор ворид мекунанд, ки афродашон дар гумрукҳо истихдом шаванд. Вақте мо маҳмулаҳои қочоқро дар марзҳо забт мекунем, аввалин касоне ки ба ман телефун мекунанд ва хостори раҳоии ин маҳмулаҳо мешаванд, ҳамин намояндагон ҳастанд."

Вазири молия афзудааст, ки номи тамоми ин афродро ифшо ва барои исботи иддаъои худ санад ироа хоҳад кард.