Сарбози олмонӣ дар шимоли Афғонистон кушта шуд
Дар асари як даргирӣ бо шӯришиён дар Афғонистон як сарбози нерӯҳои вижаи артиши Олмон кушта шуд. Ин нахустин бор аст, ки дар тули ҳузури нерӯҳои вижаи артиши Олмон дар Афғонистон яке аз сарбозони он кушта мешавад.
Ин сарбоз дар наздикии шаҳри Бағлон дар шимоли Афғонистон ҷони худро аз даст дод. Яке дигар аз нерӯҳои вижа захмӣ шудааст.
Нерӯҳои вижаи артиши Олмон ба нерӯҳои давлати Афғонистон кумак мекунанд.
Олмон пас аз Омрико ва Бритониё савумин кишвар аз лиҳози ҳузури шумори нерӯҳо дар Афғонистон аст.
Иттилоъи андаке дар мавриди чигунагии масъулиятҳои нерӯҳои вижаи артиши Олмон дар Афғонистон вуҷуд дорад, зеро иттилоъот дар бораи онҳо сиррӣ эълом шудааст.
