Бритониё боздошти бидуни тафҳими иттиҳоми шаҳрвандони афғон дар Ҳилмандро таъйид кард

Давлати Бритониё таъйид карда, ки беш аз ҳаштод шаҳрванди афғонро бидуни муҳокима ва тафҳими иттиҳом дар пойгоҳи низомии Бостиун дар вилояти Ҳилманд зиндонӣ кардааст.
Вукалои бритониёии ҳашт нафар аз ин зиндониён мегӯянд баъзе аз муваккилон аз 14 моҳ қабл бидуни он ки ҳуқуқи қонунии онҳо риъоят шавад, дар боздошт ҳастанд.
Давлати Афғонистон бо ғайриқонунӣ тавсиф кардани ин боздоштҳо хоҳони таҳвили ин афрод ба мақомоти қазоии афғон шудааст.
Аммо Филлип Ҳомунд, вазири дифоъи Бритониё гуфтааст вукалои зиндониён монеъ аз таҳвили онҳо ба мақомоти қазоии афғон ҳастанд. Оқои Ҳомунд гуфт тибқи мусаввабаи Созмони Милал дар мавриди нерӯҳои байналмилалӣ ин боздоштҳо қонунӣ аст.
Ба гуфтаи вазири дифоъи Бритониё боздошти ин афрод ба далоили амниятӣ зарурат дошта ва ин мавзӯъ ба итилоъи намояндагони порлумони Бритониё расидааст.
Давлати Бритониё мегӯяд бисёре аз ин зиндониён ба қатли сарбозони бритониёӣ ва бумбгузорӣ муттаҳам ҳастанд.
Вукалои мудофеъи боздоштиён шароити зиндонӣ шудани муваккилонро бо вазъияти боздоштгоҳи омрикоии Гуантоному муқоиса карда ва хостори мудохилаи маҳокими қазоии Бритониё барои поён додан ба ин вазъият шудаанд.
Водии Ҳилманд, маҳали аслии фаъолияти нерӯҳои бритониёии эъзомӣ ба Афғонистон ва урдугоҳи Бостиун, бузургтарин пойгоҳи низомии ин нерӯҳо дар Афғонистон маҳсуб мешавад ва маҳали истиқрори бахши қобили таваҷҷуҳе аз низомиёни бритониёӣ мустақар дар ин вилоят аст.
Бар асоси мадорике, ки Би-би-сӣ дар ихтиёр дорад, боздоштиёни афғон дар зиндонҳои муваққат дар ин урдугоҳ маҳбус ҳастанд.
Вазорати дифоъи Бритониё таъкид карда, ки тибқи мусаввабаи Созмони Милал дар мавриди ташкил ва эъзоми нерӯи кумак ба ҳифзи амнияти Афғонистон - Ойсоф - артиши Бритониё аз лиҳози ҳуқуқи байналмиллалӣ муҷоз ба боздошти ин афрод буда ва иқдоме ғайриқонӯнӣ дар ин замина сурат нагирифтааст.
Ба гуфтаи ҳуқуқдонони вазорати дифоъ нерӯҳои бритониёӣ ба унвони бахше аз нерӯҳои Ойсоф метавонанд мазнунон ба иқдомоти хасмона алайҳи ин нерӯҳо ва шаҳрвандони афғонро ба муддати 96 соъат боздошт кунанд ва "дар шароити истисноӣ" монанди ниёз ба гирдоварии иттилоъоти ҳассос ба манзури ҳифзи ҷони низомиён ва ғайринизомиён ин муддат метавонад тамдид шавад.
Худдорӣ аз таҳвили боздоштиён
Агарчи пеш аз ин вазорати дифоъ гуфта буд, ки "ихтиёроти Ойсоф ва имконоти" ҳабси афрод дар Афғонистонро надоранд, аммо дар моҳи ноябри соли гузашта вазири дифоъи Бритониё тасмим гирифт ба далели нигаронӣ аз эҳтимоли суирафтор бо боздоштиён дар зиндонҳои Афғонистон аз таҳвили онон ба ниҳодҳои маҳаллӣ худдорӣ варзад.
Бо ин ҳама женрол Зоҳири Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон ҳабси шаҳрвандони ин кишвар тавассути нерӯҳои бритониёиро ғайриқонунӣ дониста ва гуфтааст, ки ин афрод мебоист ба мақомоти Афғонистон таҳвил мешуданд.
Вукалои бритониёии ҳашт тан аз боздоштиён дар урдугоҳи низомии Бостиун ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки муваккилони онон дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои бритониёӣ дар рустоҳои вилоятҳои Ҳилманд ва Қандаҳор боздошт шуданд ва байни ҳашт то чаҳордаҳ моҳи гузаштаро дар боздошт будаанд.
Ба гуфтаи онон иқдоми нерӯҳои бритониёӣ машмули таърифи "боздошт ва ҳабси ғайриқонунӣ" аст.
Вукалои мудофеъи ин ҳашт нафар бидуни зикри номи онон гуфтаанд, ки моҳи гузашта додхостеро таслими додгоҳе дар Бритониё карданд ва хостори иҷрои асли амнияти қазоӣ дар мавриди муваккилони худ шуданд. Тибқи ин асл афроди боздоштӣ бояд кӯтоҳмуддате пас аз боздошт барои судури ҳукми боздошт ё озодии фардӣ дар додгоҳ ҳозир шаванд.
Қарор аст додгоҳ дар моҳи июн ба ин додхост расидагӣ кунад, аммо вакилони мудофеъи ҳашт зиндонии афғон муътақиданд, ки вазорати дифоъ бояд фавран боздоштиёнро озод кунад, зеро ба назари онон нерӯҳои бритониёӣ ҳаққи қонунии идомаи боздошти ин афродро надоштааст.
Ба гуфтаи аъзои хонаводаи ду тан аз боздоштиён, онон дар баҳори соли гузашта дастгир шуданд ва бозҷӯӣ аз онон чанд ҳафта ба тӯл анҷомид, аммо пас аз хотимаи бозҷӯӣ ҳам аз эроди расмии иттиҳом ё озодии боздоштшудагон хабаре нашуд.
Ҳафтаи гузашта ба ин ду боздоштӣ иҷозаи мулоқот бо вакилони мудофеъ дода шуд ва хонаводаҳои онон мавзуъи боздошти хешони худро ба огоҳии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, масъули расидагӣ ба вазъияти асирони ҷангӣ, ҳам расондаанд.
"Суолоти ҳуқуқӣ"
Дар ҷараёни расидагии муқаддамотӣ ба додхости вукалои ҳашт тан аз боздоштии афғон қозии додгоҳи Ландан гуфт, ки ин парванда "суолоти ҳуқуқии ҷиддӣ"ро дар мавриди ихтиёроти артиши Бритониё дар боздошт ва ҳабси мазнунон дар Афғонистони матраҳ мекунад.
Вай афзуд, кнерӯҳои бритониёӣ муҷоз ба эҷоди ташкилоти мушобеҳи боздоштгоҳи Гуонтоному нестанд. Боздоштгоҳи Гуонтоному тавассути нерӯҳои омрикоӣ дар пойгоҳи нерӯи дарёии он кишвар дар халиҷи Гуонтоному, Кубо эҷод шуда ва гурӯҳе аз афроди мазнун ба иртибот бо амалиёти терруристӣ дар он боздошт ҳастанд.
Аз он ҷо ки ин боздоштгоҳ хориҷ аз хоки Амрико воқеъ шуда ва боздоштиён низ шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида нестанд, артиши он кишвар худро ба риояти қавонини Иёлоти Муттаҳида дар мавриди ҳуқуқи боздоштиён мулзам надониста, ҳар чанд ин мавзеъгирӣ бо интиқоди мудофеъони ҳуқуқи башар ва бисёре аз ҳуқуқдонон мувоҷеҳ будааст.
Ба гуфтаи қозии додгоҳи расидагикунанда ба додхости боздоштиёни урдугоҳи Бостиун мусаввабаи Шурои Амнияти Созмони Милал дар мавриди эҷоди Ойсоф тасреҳ надорад, ки артишҳои узви ин нерӯ муҷоз ҳастанд ҳар касро, ки як таҳдиди амниятӣ медонанд дастгир ва зиндонӣ кунанд.
Дар муқобил вазорати дифоъи Бритониё гуфтааст шавоҳиде дар мавриди иртиботи боздоштшудагон бо фаъолиятҳои "ҷинояткорона" дар даст дорад ва бисёре аз онон ба куштан ё созмон додани ҳамла ва қатли нерӯҳои бритониёӣ дар Афғонистон мазнун ҳастанд.
Сухангӯи вазорати дифоъ таъкид дошта, ки боздошти ин афрод "муваққатӣ" аст ва пас аз ҳусули итминон аз рафтори муносиб бо онон дар боздоштгоҳҳои Афғонистон ба давлати он кишвар таҳвил дода хоҳанд шуд.
Вай ҳамчунин гуфтааст, ки боздошт ва ҳабси афроди муртабит бо амалиёти террористӣ иқдоме асосӣ ва лозим дар ҳифзи ҷони нерӯҳои бритониёӣ ва шаҳрвандони афғон аст.
