Нерӯҳои бритониёӣ ба ҳабси ғайриқонунии шаҳрвандони Афғонистон муттаҳам шуданд

  • 29 Май, 2013
Image caption Шаҳрвандони афғон дар боздоштгоҳҳои муваққат дар пойгоҳи низомии Бостиун дар Ҳелманд маҳбус ҳастанд

Нерӯҳои бритониёии эъзомӣ ба Афғонистон ба боздошти ғайриқонунии шуморе аз шаҳрвандони ин кишвар муттаҳам шудаанд.

Бар асоси мадорике, ки Би-би-сӣ ба даст овардааст, то ҳаштоду панҷ шаҳрванди Афғонистон дар урдугоҳи низомии Бостиун, мутаъаллиқ ба нерӯҳои бритониёӣ дар вилояти Ҳилманд, дар ҷануби Афғонистон,зиндонӣ ҳастанд бе он ки ташрифоти қазоии лозим дар мавриди идомаи боздошти онон риъоят шуда бошад.

Ба гуфтаи вакилони мудофеъи ҳашт тан аз ин афрод, муваккилони онон то чаҳордаҳ моҳ бидуни эроди расмии иттиҳом ва судури қарори боздошт дар ҳабс будаанд ва боздошти онон ғайриқонунӣ аст. Вакилони мудофеъи боздоштиён шароити зиёндонӣ шудани муваккилонашонро бо вазъияти боздоштгоҳҳои омрикоии Гуонтоному муқоиса карда ва хостори мудохилаи маҳокими қазоии Бритониё барои поён додан ба ин вазъият шудаанд.

Вилояти Ҳилманд маҳалли аслии фаъъолияти нерӯҳои бритониёии эъзомӣ ба Афғонистон ва урдугоҳи Бостиун дар бузургтарин пойгоҳи низомии ин нерӯҳо дар Афғонистон маҳсуб мешавад ва маҳалли истиқрори ҳудуди сӣ ҳазор тан аз низомиёни бритониёӣ аст.

Бар асоси мадорике, ки Би-би-сӣ дар ихтиёр дорад, боздоштиёни афғон дар зиндонҳои муваққат дар ин урдугоҳ маҳбус ҳастанд.

Вазорати дифоъи Бритониё таъкид дошта, ки тибқи мусаввабаи Созмони Милал роҷеъ ба ташкил ва эъзоми нерӯҳои Кумак ба Ҳифзи Амнияти Афғонистон, ISAF, артиши Бритониё аз лиҳози ҳуқуқи байналмилалӣ муҷоз ба боздошти ин афрод буда ва иқдоме ғайриқонунӣ дар ин замина сурат нагирифтааст.

Ба гуфтаи ҳуқуқдони вазорати дифоъ, нерӯҳои бритониёӣ ба унвони бахше аз нерӯҳои ISAF метавонанд мазнунон ба иқдомоти хасмона алайҳи ин нерӯҳо ва шаҳрванди афғонро ба муддати 92 соъат боздошт кунанд ва "дар шароити истисноӣ" монанди ниёз ба гирдоварии иттилоъоти ҳассос ба манзури ҳифзи ҷони низомиён ва ғайринизомиён ин муддат метавонад тамдид шавад.

Худдорӣ аз таҳвили боздоштиён

Агарчи пеш аз ин вазорати дифоъ гуфта буд, ки нерӯҳои ISAF "ихтиёрот ва имконоти" ҳабси афрод дар Афғонистонро надорад, аммо дар моҳи ноябри соли гузашта вазири дифоъи Бритониё тасмим гирифт ба далели нигаронӣ аз эҳтимоли сӯирафтор бо боздоштиён дар зиндонҳои Афғонистон аз таҳвили онон ба ниҳодҳои маҳаллӣ худдорӣ варзад.

Вакилони бритониёии ҳашт тан аз боздоштиён дар урудугоҳи низомии Бостиун ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки муваккилони онон дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои бритониёӣ дар рустоҳои вилоятҳои Ҳилманд ва Қандаҳор боздошт шуданд ва байни ҳашт то чаҳордаҳ моҳи гузаштаро дар боздошт будаанд.

Ба гуфтаи онон иқдоми нерӯҳои бритониёӣ машмули таърифи "боздошт ва ҳабси ғайриқонунӣ" аст.

Вакилони мудофеъи ин ҳашт нафар бидуни зикри номи онон гуфтаанд, ки моҳи гузашта додхостеро таслими додгоҳе дар Бритониё карданд ва хостори иҷрои асли амнияти қазоӣ дар мавриди муваккилони худ шуданд. Тибқи ин асл афроди боздоштӣ бояд кӯтоҳмуддате пас аз боздошт барои судури ҳукми боздошт ё озодии фардӣ дар додгоҳ ҳозир шаванд.

Қарор аст додгоҳ дар моҳи июн ба ин додхост расидагӣ кунад, аммо вакилони мудофеъи ҳашт зиндонии афғон муътақиданд, ки вазорати дифоъ бояд фавран боздоштиёнро озод кунад, зеро ба назари онон нерӯҳои бритониёӣ ҳаққи қонунии идомаи боздошти ин афродро надоштааст.

Ба гуфтаи аъзои хонаводаи ду тан аз боздоштиён, онон дар баҳори соли гузашта дастгир шуданд ва бозҷӯӣ аз онон чанд ҳафта ба тӯл анҷомид, аммо пас аз хотимаи бозҷӯӣ ҳам аз эроди расмии иттиҳом ё озодии боздоштшудагон хабаре нашуд.

Ҳафтаи гузашта ба ин ду боздоштӣ иҷозаи мулоқот бо вакилони мудофеъ дода шуд ва хонаводаҳои онон мавзуъи боздошти хешони худро ба огоҳии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, масъули расидагӣ ба вазъияти асирони ҷангӣ, ҳам расондаанд.

Матолиби муртабит