Тарҷумонҳои афғонистониро ба Бритониё куч хоҳанд дод

Манобеъи давлати Бритониё таъйид карданд, ки ҳудуди 600 тарҷумони афғонистонӣ, ки барои нерӯҳои Бритониё дар Афғонистон кор кардаанд, ҳаққи зиндагӣ дар Бритониёро дарёфт хоҳанд кард.
Ин тасмим ба маънои мувофиқати вузарои бритониёӣ ба чунин иқдомест, зеро қаблан, пас аз иттихози чунин тасмим ба ироқиҳо, онҳо ин ҳаққро барои афғонистониҳо радд карда буданд.
Ҳамакнун тасмим шуд, ба тарҷумонҳои Афғонистон нахуст визои панҷсола содир шавад ва пас аз сипарӣ шудани панҷ сол, онҳо метавонанд санади маҳалли иқомат дар Бритониёро дарёфт кунанд.
Ин ҳаққ ба тарҷумонҳое дода хоҳад шуд, ки беш аз як сол барои бритониёиҳо дар Афғонистон кор кардаанд. Чунин тарҷумонҳо ҳудуди 600 нафар буда, ниме аз теъдоди умумии тарҷумонҳо барои нерӯҳои бритониёиро ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, ҳаққи тасмим дар бораи он, ки кадом яке аз хешовандони ин тарҷумонҳо метавонанд ба онҳо бипайванданд, бо мақомҳои марзбонии бритониёӣ хоҳад буд.
Ихтилофи назарҳо
Кэролайн Уайт, хабарнигори низомии Би-би-сӣ мегӯяд, мавзеъгирии аъзои кобина дар заминаи сарнавишти тарҷумонҳо бо боварҳои ҳизбии онҳо тавъам будааст.
Либерол-демукротҳо ҳаққи муҳоҷирати тарҷумонҳоро ба сурати аланӣ пуштибонӣ кардаанд. Аммо мухолифони ин амр мегуфтанд, ки кучондани тарҷумонҳо ба маънои бовар надоштан ба ояндаи Афғонистон, пас аз хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ хоҳад буд.
Вале дар ҳар сурат худи тарҷумонҳо мегӯянд, ки зиндагии онҳо пас аз хуруҷи НОТУ бо хатар аз сӯйи Толибон мувоҷеҳ хоҳад буд.
Бархе аз онҳо мустақилона ба Бритониё рафта ва аз мақомоти он кишвар дархости паноҳандагии сиёсӣ кардаанд. Давлати Бритониё гуфта буд, ин кори хусусии ҳар тарҷумон аст ва онҳо метавонанд, тибқи шароити умумӣ тақозои паноҳандагӣ кунанд.
Вале се тарҷумон пас аз радди дарёфти паноҳандагии сиёсӣ дар Бритониё ба Додгоҳи Олӣ шикоят бурданд.
Ҳамакнун манобеъи Доунинг-истрит мегӯянд, ки Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё гуфта, афроде, ки дар канори низомиёни бритониёӣ зиндагии худро ба хатар мондаанд, сазовори подоши фаровон ҳастанд.
Ӯ гуфтааст: “Мо бояд аз хидмати онҳое ки пайваста зиндагии худро дар ҷараёни кор кардан барои мо, таҳти хатари воқеъӣ мегузоштанд, тақдир кунем.”
Ин манбаъ афзуд, тарҷумонҳое, ки ихтиёр доранд дар Афғонистон бимонанд низ аз кумаки давлати Бритониё бархурдор хоҳанд шуд. Аз ҷумла ба онҳо имкони сармоягузории панҷсолаи таҳсилот дода хоҳад шуд.
Ин имконот ба афғонистониҳои дигар низ, ки бо низомиёни бритониёӣ на дар ҷабҳа, балки барои мисол ба унвони таббох ва ё нигаҳбон кор кардаанд, фарҳам хоҳад шуд.
Бархе аз кишварҳои дигар, ки нерӯҳои худро ба Афғонистон интиқол доданд ба тарҷумонҳои маҳаллии худ шароити паноҳандагии сиёсӣ фароҳам кардаанд. Иёлоти Муттаҳида, Конодо, Австралиё ва Зилонди нав дар миёни ин кишварҳо ҳастанд.
