Назарбоев: “Хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон барои минтақа фалокатбор нахоҳад буд”

  • 25 Апрел, 2013
Назарбоев
Image caption Назарбоев: "Пас аз касби истиқлол кишварҳои минтақа роҳҳои мухталифи рушдро интихоб карданд. Як раҳбар талош кардааст, кишвараш дар ҳолати пешин бошад, дигарӣ роҳи рушди мӯътадилро интихоб карда"

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон гуфтааст, ки хуруҷи нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи террурисм аз Афғонистон дар соли 2014 барои Осиёи Марказӣ "фоҷеъабор нахоҳад буд".

Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои Қазоқистон, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар ин бора рӯзи панҷшанбеи 25 апрел, дар 11-умин нишасти расонаҳои Уруосиё дар шаҳри Остона ибрози назар кард.

Оқои Назарбоев гуфтааст: “Ман назарияҳои фоҷеъаборро, ки аз ҳар тараф мешунавем қабул надорам. Бовар дорам, ки пас аз анҷоми марҳилаи фаъъоли нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон дар соли 2014 дар минтақа ҳеч фалокате рух нахоҳад дод.”

Ба эътиқоди оқои Назарбоев, дар муддати ҳузури нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон сатҳи таҳдидҳо ба амнияти минтақа ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Ӯ гуфтааст, дар Афғонистон масоили марбут ба танзими равандҳои дохилию рушди иқтисоди кишвар боқӣ мондаанд ва ҳоло лозим аст, ки дар бозсозии иқтисоди Афғонистон мусоъидат шавад ва мизони сармоягузорию кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар афзоиш ёбад.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон гуфтааст, кишвараш омода аст дар ҳалли ин мушкилот саҳми фаъъол бигирад.

Ӯ гуфтааст: “Муҳим аст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар истиқрори сулҳ ва тавсеъаи иқтисоди Афғонистон мусоъидат кунад. Дар ин кишвар аз соли 1979 ҷанги дохилӣ идома дорад, фарде, ки дар ин муддат ба дунё омадааст, дар даст танҳо силоҳ доштааст. Бояд мардуми афғонро дубора ба майдони кор бозгардонда ва дар бозсозии иқтисоди ин кишвар кумак кунем.”

Раҳбари давлати Қазоқистон, ибрози назарҳо мабнӣ бар онро, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша таҳти нуфузи хориҷӣ қарор доранд, иштибоҳӣ хонд ва гуфт, ки мардуми ин минтақа мутамаддин буда, ояндаи нек доранд.

Ҳамзамон, оқои Назарбоев таъкид кардааст, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахшҳои рудхонаҳои фаромарзӣ, рушди тиҷорат масоили мавриди баҳс вуҷуд дошта ва масъалаи таъйини хутути марз миёни кишварҳои минтақа то ҳол ҳалл нашудаанд.

Нурсултон Назарбоев гуфтааст: “Пас аз касби истиқлол кишварҳои минтақа роҳҳои мухталифи рушдро интихоб карданд. Як раҳбар талош кардааст, кишвараш дар ҳолати пешин бошад, дигарӣ роҳи рушди мӯътадилро баргузида ва кишварҳое чун Қирғизистону Тоҷикистон ҳамчун кишварҳои хеле фақир боқӣ монданд.”

Матолиби муртабит