Салиби Сурх фаъъолиятҳояшро дар Афғонистон мутаваққиф кард

  • 31 Май, 2013

Кумитаи Салиби Сурх пас аз ҳамлаи мухолифони мусаллаҳ ба дафтари намояндагии ин созмон дар шарқи Афғонистон, эълом кард, ки тамоми фаъъолиятҳояшро дар Афғонистон мутаваққиф кардааст.

Ҳасиб Раҳимӣ, сухангӯйи Кумитаи Салиби Сурх дар Афғонистон, ба Би-би-сӣ гуфт: "Пас аз ҳамла ба дафтари Ҷалолобод, тасмим бар ин шуд, ки ин дафтар масдуд шавад ва соири фаъъолиятҳои Кумитаи Салиби Сурх дар тамоми Афғонистон ба таври муваққат мутаваққиф шавад."

Вай афзуд, ки ин дафтар ба хотири масунияти ҷони кормандонаш ин тасмимро гирифтааст.

Оқои Раҳимӣ гуфт ҳанӯз маълум нест, ки чи замоне фаъъолиятҳои ин кумита дар Афғонистон аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, марокизи уртупидии ин кумита танҳо бхши фаъъоли ин созмон хоҳад буд, ки қарор аст сар аз фардо корашонро дубора оғоз кунанд.

Ҳамла ба дафтари Салиби Сурх

Дафтари Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон чаҳоршанбеи 29 май мавриди ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки як бумбгузори интиҳорӣ маводди мунфаҷираро, ки ба ҳамроҳ дошт, дар муқобили сохтмони Салиби Сурх мунфаҷир карда ва баъд ду фарди мусаллаҳ вориди сохтмон шуданд.

Дар натиҷаи табодули оташи муҳоҷимон ва нерӯҳои амниятӣ дар маҳал ду муҳоҷим кушта шуданд.

Оқои Раҳимӣ мегӯяд ки дар ин рӯйдод як нигаҳбони дафтари Кумитаи Салиби Сурх кушта ва як корманди хориҷӣ ва ду корманди дохилии дигари он ба таври сатҳӣ захмӣ шуданд..

Ба гуфтаи вай, дар тӯли фаъъолияти Кумитаи Салиби Сурх дар Афғонистон ин ҳамла дар навъи худ бесобиқа будааст.

Кумитаи Салиби Сурх ба шакли бетарафона ба тарафҳои даргир дар ҷанг кумак мекунад ва гумон мерафт, ки ба ҳамин далел ҳам аз чунин ҳамалоте дар амон бошад.

Image caption Дафтари Салиби Сурх дар шарқи Афғонистон чаҳоршанбеи 29 май ҳадафи ҳамлаи гурӯҳии мухолифони мусаллаҳ қарор гирифт

Масъулияти ҳамла ба дафтари Салиби Сурх дар шаҳри Ҷалолободро то кунун ҳеҷ гурӯҳе ба уҳда нагирифтааст.

Ҳамла ба Кумитаи Салиби Сурх дувумин ҳамла ба ниҳодҳои байналмилалӣ дар Афғонистон тайи як ҳафта буд.

Дафтари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Кобул низ рӯзи ҷумъа шоҳиди ҳамлаи гурӯҳии мухолифони мусаллаҳ буд.

Салиби Сурх дар Афғонистон

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх 150 сол пеш таъсис шуд ва аз фаъъолияти ин кумита дар Афғонистон сӣ сол мегузарад.

Сухангӯйи Кумитаи Салиби Сурх мегӯяд, ки ин ниҳод дар ҳафтдаҳ вилояти Афғонистон фаъъолият дорад.

Ин кумита дар Афғонистон 1800 корманди дохилӣ ва хориҷӣ дорад.

Кумак ба асирони ҷангӣ, арзаи хадамоти тавонбахшӣ, хадамоти сиҳӣ ба қурбониёни ҷанг, тавзеъи маводди ғизоӣ ва ғайриғизоӣ, кумак ба беҷошудагони дохилӣ ва хадамоти обрасонӣ аз фаъъолиятҳои ин кумита дар Афғонистон аст.

Оқои Раҳимӣ мегӯяд: "Акнун бисёре аз афроди ниёзманд дар Афғонистон аз кумакҳои Салиби Сурх маҳрум шуданд."

Матолиби муртабит