Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз камбуди сармоя барои Тоҷикистон хабар медиҳанд

Намояндагони созмонҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон аз оғози корзори якмоҳаи мавсум ба “Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар” дар Тоҷикистон дар моҳи май хабар доданд.
Ин корзор, ки бо шиъори “Ҳамдарди дигарон бош” доир мешавад, як моҳ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон идома хоҳад дошт ва дар чорчӯби он намоишгоҳи аксҳо ва моротун дар боғи гиёҳшиносии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Раҳбарони намояндагии Федеросиюни Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон гуфтанд, ҳадаф аз ин корзор паҳн кардани андешаҳои инсондӯстӣ ва усули Ҷунбиши Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҳамчунин ҷалби таваҷҷуҳ ба фаъъолиятҳои ин созмон дар ҳавзаи омодагии изтирорӣ ва вокуниш ба ҳаводиси табиъӣ будааст.
Дар ин корзори якмоҳаи созмонҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон ҷамъоварии сармоя барои кӯдакони маълул низ дар назар будааст.
Дар нишасти хабарии рӯзи сешанбеи 30 апрел, масъулони ин ниҳодҳо гуфтанд, ки мушкили аслии фаъъолиятҳои онҳо дар Тоҷикистон камбуди сармоя барои роҳандозии барномаҳо дар оянда аст.
Северин Шопоз (Severine Chappaz), раиси намояндагии КБСС дар Тоҷикистон зимни муъаррифии барномаи корзори якмоҳаи ин ниҳодҳо гуфт, ки имсол ин иқдом ба 150-умин солгарди таъсиси ин кумита ва 20 солагии оғози фаъъолияти он дар Тоҷикистон ихтисос ёфтааст.
Хонуми Шопоз мегӯяд: “Агарчӣ ниҳоди мо дар солҳои ҷанги дохилӣ, яъне аз соли 1993 то авоили солҳои 2000 бештар таваҷҷуҳро ба кумакҳо ба зарардиагон аз ҷанг ва паноҳандагон равона карда буд, ҳоло мо фаъъолиятамонро барои аз миён бурдани авоқиби он ҷанг ва афзоиши огоҳӣ дар бораи ҳолатҳои изтирорӣ пеш мебарем.”
Яке аз ин барномаҳо кумак ба афроде, ки дар натиҷаи бархӯрд бо мин дар Тоҷикистон зарар дидаанд, будааст.
Хонуми Шопоз мегӯяд, ки дар Тоҷикистон дар ду даҳаи ахир беш аз 840 мавриди бархӯрди сокинон бо мин сабт шуда ва дар асари ин ҳодиса 365 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Масъулони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх мегӯянд, дар натиҷаи фаъъолиятҳои огоҳисозии сокинон тавассути ин ниҳодҳо ва Маркази минрӯбии Тоҷикистон дар соли ахир мавориди бархӯрд бо мин дар Тоҷикистон мушоҳида нашуда ва дар соли 2012 танҳо 4 нафар аз сокинони ин кишвар дар асари бархӯрд бо мин захмӣ ва ду нафар кушта шудаанд.
Эрик Мишел Сейле, раиси намояндагии Федеросиюни Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон камбуди сармоя барои идомаи иҷрои барномаҳо дар ин кишвар ва кишварҳои дигари минтақаро аз мушкилоти кунунии ин федеросиюн номид.
Оқои Сейле гуфт: “Ҳоло таваҷҷуҳи кишварҳои кумаккунанда бештар ба мамоликие равона шудаанд, ки дар он даргириҳо ва танишҳо мавҷуданд. Аз ин рӯ ҷалби сармоя барои роҳандозии барномаҳо дар Осиёи Миёна, ки вазъияти ором доранд, мушкил шудааст. Ҳарчанд мо ҳанӯз ба идомаи фаъъолият дар ин кишварҳо барои кумак ба мардум алоқаманд ҳастем.”
Федеросиюни Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон аз соли 1994 оғоз ба фаъъолият карда ва аз иҷрои барномаҳо дар чаҳор бахши умури изтирорӣ, беҳдошт, зербиноӣ ва башардӯстӣ ҳимояти молӣ мекунад.
Зафар Муҳаббатов, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон муътақид аст, ки кишвараш ҳанӯз ба идомаи фаъъолияти ин ниҳодҳо дар Тоҷикистон ниёз дорад.
