Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дидор аз зиндонҳои Ӯзбакистонро лағв мекунад

  • 12 Апрел, 2013

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх эълом кардааст, ки боздиди кормандонаш аз зиндонҳои Узбакистонро ба далели адами тамоюли мақомот ба ҳамкорӣ қатъ мекунад.

Иван Даккор, мудири кулли ин кумита гуфтааст кормандони ин созмон ниёз доранд бо зиндониён бидуни ҳузури шоҳиде гуфтугӯ кунанд ва ба далели ин ки мақомоти кишвар анҷоми чунин гуфтугӯҳоро иҷоза намедиҳанд, боздидҳо ҳеҷ маъно надоранд.

Соозмонҳои дифоъи ҳуқуқи башар дар Ғарб борҳо аз давлати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон ба далели нақзи ҳуқуқи башар интиқод кардаанд.